Ҳабси сокини Душанбе барои дашному ҳақорати корманди милиса

Сокини 28-солаи пойтахт барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба кормандони БДА ва дашному ҳақорат додани онҳо дастгир гардида, 7 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум карда шуд. Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, кормандони бозрасӣ ҳангоми фаъолият дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ нисбат ба ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-гелендваген», мутааллиқ ба Шаҳром Убайдзодаи […]

Сокини 28-солаи пойтахт барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба кормандони БДА ва дашному ҳақорат додани онҳо дастгир гардида, 7 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум карда шуд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, кормандони бозрасӣ ҳангоми фаъолият дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ нисбат ба ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-гелендваген», мутааллиқ ба Шаҳром Убайдзодаи 20-сола барои вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ протокол тартиб додаанд.

– Дар ҳамин лаҳза бародари номбурда Идибек Убайдови 28-сола тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, дар баробари беэҳтиромӣ нисбати кормандони бозрасӣ, ҳамзамон онҳоро бо алфози қабеҳ дашном додааст, – гуфта мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, нисбат ба Идибек Убайдов барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷазои 7-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.