Ҷаримаи як сокини Ҷомӣ барои таълимоти ғайриқонунии динӣ

Додгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Маҳмадулло Абидзода, як сокини ин ноҳияро барои таълимоти ғайриқонунии динӣ 640 сомонӣ ҷарима кардааст. Дар ин бора Додситони кулли Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки  Насриддин Ҳалимов, сокини дигари ин ноҳия барои риоя накардани қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд 192 сомонӣ ҷарима шудааст. Гуфта мешавад, ки Ҳалимов, фарзандони ноболиғи […]

Додгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Маҳмадулло Абидзода, як сокини ин ноҳияро барои таълимоти ғайриқонунии динӣ 640 сомонӣ ҷарима кардааст. Дар ин бора Додситони кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки  Насриддин Ҳалимов, сокини дигари ин ноҳия барои риоя накардани қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд 192 сомонӣ ҷарима шудааст.

Гуфта мешавад, ки Ҳалимов, фарзандони ноболиғи худ Ҳалимов Абдураҳими 11 сола ва Ҳалимов Абдукарими 9-соларо барои таълимоти ғайриқонунии динӣ дар назди Абидзода иҷозат додааст.

“Бо қарори суди ноҳияи А.Ҷомӣ, аз 14.02.2022 нисбати Ҳалимов Н.Д. ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 192 сомонӣ ва нисбати Абидзода М.А. 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 640 сомонӣ ҷазои ҷарима таъин карда шудааст”, – омадааст дар хабари додситонӣ.

Ёдовар мешавем, ки соли 2018 дар Тоҷикистон ба Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» тағйирот ворид гардид, ки тибқи он таълими динӣ дар масҷиду назди рӯҳониёни маҳалла манъ шуда, танҳо ба дӯши ниҳодҳои омӯзишии давлатӣ ва волидайн вогузор шуд.

Он замон  беш аз 20 мадрасаи динӣ дар кишвар баста шуда, ҳоло ба ҷуз Донишкадаи исломӣ дар Душанбе, дар ҳеҷ ҷо дини ислом тадрис намешавад.

Мақомот ҳар сол чанд рӯҳониро ба таъсиси мадрасаҳои ғайриқонунӣ ва таълими ғайриқонунии динӣ боздошт ва муҷозот мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.