Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ

Муҳаммад Зоҳири Ағбар, Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон иддаои Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи ин кишварро, ки гуфт, "бар асоси қонуни асосӣ раисҷумҳур будам, то замоне ки мардуми Афғонистон ба сурати қонунӣ қудратро ба каси дигаре вогузор кунанд, раисҷумҳур ҳастам” рад карда, изҳор дошт, ки бинобар қонуни асосии Афғонистон раисҷумҳур агар фирор кунад, вазифаи он ба зиммаи […]

Муҳаммад Зоҳири Ағбар, Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон иддаои Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи ин кишварро, ки гуфт, "бар асоси қонуни асосӣ раисҷумҳур будам, то замоне ки мардуми Афғонистон ба сурати қонунӣ қудратро ба каси дигаре вогузор кунанд, раисҷумҳур ҳастам” рад карда, изҳор дошт, ки бинобар қонуни асосии Афғонистон раисҷумҳур агар фирор кунад, вазифаи он ба зиммаи муовини ӯ вогузор мешавад ва дар ин асос, Амруллоҳ Солеҳ ҳоло сарпарасти мақоми раисҷумҳур Афғонистон аст.

Ӯ, имрӯз, 12 август дар як суҳбати ихтисосии худ бо “Азия-Плюс” афзуд, ки агар Ашраф Ғанӣ мегуфт, “ман раисҷумҳури бадарғашудаи Афғонистон ҳастам” дуруст буд.

Зоҳири Ағбар ҳамчунин, ба “бо як воскату чанд даст либос” фирор кардани Ашраф Ғанӣ бовар надорад ва таъкид мекунад, ки “агар Идораи бозрасии вижаи Амрико барои бозсозии Афғонистон (SIGAR) ошкор кард, ки ӯ бо як миллион доллар аз ин кишвар фирор кард, пас ин ҳам дуздӣ аст ва ӯ бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад”.

-Ашраф Ғанӣ қаблан дар як тафоҳум омодагии таслими қудратро дошт ва пулҳоро ба тадриҷ сирқат кардааст. Таҳқиқ муайян кардааст, ки аз Бонки миллии Афғонистон болотар аз 400 млн. доллар гум шудааст аст. Аснодаш ҳаст, вале худи пул вуҷуд надорад,- мегӯяд ҷаноби Зоҳири Ағбар.

Муҳаммад Зоҳири Ағбар дар робита ба иддаои дигари Ашраф Ғанӣ, ки аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси вақти Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон интиқод карда, ӯро "масъули адами таҳкими ҷумҳурият" номидааст, гуфт, ин “худсафедкунӣ ва ба дӯши каси дигар вогузор кардани масъулият аст. Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ин шикаст нақше надорад, чунки масъулияте дар ҳукумат надошт”.

Ба андешаи Зоҳири Ағбар қудрати кулл, яъне ҳамаи пул, нерӯҳои низомӣ, қарордодҳои иқтисодӣ, намояндагиҳои хориҷӣ, қувваҳои ҳавоӣ дар дасти Ашраф Ғанӣ буд ва маҳз бемасъулиятии ӯ сабаб шуд, ки ҳукумати қонунии Афғонистон суқут кунад.

-Ашраф Ғанӣ мегӯяд, ки дасташ ба хуни мардум олуда нест, аммо панҷоҳ ҳазор афғонистонӣ маҳз бо айби ӯ ва “Толибон” кушта шуданд. Ғанӣ як миллатии бузургро дар мотам шинонд, Афғонистон ва тамоми зербиноҳои ин кишварро нобуд сохт, – гуфт сафир.

Ба иддаои Зоҳир Ағбар мусоҳибаи мазкур дар ҳамоҳангӣ бо худи ӯ таҳия шуда, сохтакорӣ мебошад ва ҳадафи он ба зиммаи Залмай Халилзод ё Абдуллоҳ Абдуллоҳ вогузор кардани масъулият ва суқути давлат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ду рӯз пеш, Ашраф Ғанӣ дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо шабакаи телевизионии ABN гуфт, ки "то замоне ки мардуми Афғонистон ба сурати қонунӣ қудратро ба каси дигаре вогузор накунанд, раисҷумҳур ҳастам”. Ҳамчунин, ӯ сирқати пули нақдро рад карда, боз ҳам тамоми масъулияти суқути низоми давлатро аз дӯйи худ соқит ва ба зиммаи муттаҳидону шарикони сиёсии хешро вогузор намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.