Адвокат: Таҳқиқи парвандаи Далери Имомалӣ анҷом наёфтааст

Таҳқиқи парвандаи Далери Имомалӣ, блогери боздоштшудаи тоҷик расман ба поён нарасидааст, гуфтааст Абдураҳмон Шарифов, яке аз адвокатҳои ӯ. “То ҳол охирин айбро эълон накардаанд, мо – адвокатҳо охирин протоколи шиносшавии парвандаро имзо накардаем. Чунин расмиёт дар парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ риоя шуда буд, аз ин лиҳоз таҳқиқи парвандаи Далери Имомалӣ ҳоло ба поён нарасидааст”, – гуфт […]

Таҳқиқи парвандаи Далери Имомалӣ, блогери боздоштшудаи тоҷик расман ба поён нарасидааст, гуфтааст Абдураҳмон Шарифов, яке аз адвокатҳои ӯ.

“То ҳол охирин айбро эълон накардаанд, мо – адвокатҳо охирин протоколи шиносшавии парвандаро имзо накардаем. Чунин расмиёт дар парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ риоя шуда буд, аз ин лиҳоз таҳқиқи парвандаи Далери Имомалӣ ҳоло ба поён нарасидааст”, – гуфт А. Шарифов.

Наздикони Далери Имомалӣ ҳам дар суҳбат бо “Азия-Плюс” аз ҳолати кунунии парвандаи мазкур изҳори бехебарӣ карданд.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз, Радиои “Озодӣ” бо такя ба манбаи худ аз анҷоми таҳқиқи парвандаи Далер ва эҳтимоли ирсоли он ба суд иттилоъ нашр намуд.

Гуфтугузорҳо доир ба анҷом таҳқиқи парвандаи Далер дар ҳолест, ки чанде пеш модари Далер вобаста ба замони анҷоми тафтиши парвандаи писараш изҳори бехабарӣ карда буд.

Далери Имомалӣ, блогери шинохтаи тоҷик, ки ду моҳ қабл боздошт шуд, бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ- моддаи 291 қисми 1 (соҳибкории ғайриқонунӣ), 346 қисми 1 банди “а“ (дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) ва моддаи нав – 307 прим 3 қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии мамнӯъ) айбдор мешавад.

Наздикони Далери Имомалӣ иттиҳоми ифротгароӣ ва ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнӯъро рад мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.