“Фурсати донистан”: Барои гиритфтани иҷозаи сохтмон чӣ ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи расмиёти маъмурӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозиро ба баҳс кашиданд. Кадом принсипҳои асосии фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар […]

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи расмиёти маъмурӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозиро ба баҳс кашиданд.

Кадом принсипҳои асосии фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд?

Кодекси  шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2012 қабул гардидааст. Кодекси мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии муносибатҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ муқаррар намуда, ҳуқуқу  ӯҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар соҳаи шарҳсозӣ муайян карда, муносибатҳои ҳуқуқии ба фаъолияти шаҳрсозӣ вобастаро танзим менамояд. Принсипҳои асосии фаъоляити шаҳрсозӣ дар моддаи 4 Кодекси номбаргардида пешбинӣ шудаанд.

Инҳо принсипҳои зерин мебошанд: принсипи амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ бо риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, принсипи масъулияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷиҳати таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолии ҳудуди дахлдор, принсипи таъмини маҳалҳои аҳолинишин бо объектҳои инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоии таъиноти истироҳатӣ, инчунин объектҳои ҳудудҳои ободонӣ, принсипи эҳтироми ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва дигар субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ, принсипи таъмин намудани шароит барои маъюбон ҷиҳати дастрасии бемонеа ба объектҳои таъйиноти иҷтимоӣ ва таъйиноти дигар, принсипи амалӣ намудани сохтмон дар асоси ҳуҷҷатҳои банақшагирии ҳудудӣ ва иморатсозӣ, принсипи таъмини шароит барои иштироки шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо дар фаъолияти шаҳрсозӣ бо роҳи баррасӣ ва қабули қарорҳо дар соҳаи мазкур, принсипи амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ бо риояи талаботи ҳифзи муҳити зист, амнияти санитарию эпидемиологӣ ва экологӣ бо назардошти омилҳои иқтисодӣ, иxтимоӣ ва омилҳои дигар.

Барои гирифтани иҷозати сохтмон шаҳрванд кадом ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти меъморӣ ва шаҳорсозӣ пешниҳод менамояд?

Мувофиқи моддаи 66  Кодекси меъмори ва шаҳрсозӣ, шахс бо мақсади гирифтани иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ, таҷдид, таъмири асосии объектҳои дахлдор ба мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ариза пешниҳод менамояд. Ба ариза бояд нусхаи ҳуҷҷатҳои зерин замима карда шаванд:

– қарори мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (ба истиснои ноҳияҳои шаҳри Душанбе) дар бораи сохтмони бино ва иншоот;

– ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин (сертификати ҳуқуқи истифодаи замин);

– ҳуҷҷати лоиҳавии тасдиқшуда;

– хулосаи мусбии экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дар ҳолати тибқи моддаи 64 Кодекси мазкур ҳатмӣ будани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;

– хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ.

Зимнан, ёдрас менамоем, ки талаб кардани дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ нашудаанд, манъ аст! Иxозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ барои объекти мушаххас бо нишон додани мӯҳлати давомнокии сохтмони ин объект дода мешавад.

 

Мувофиқи қонун, тибқи кадом асосҳо бино ё иншоот ё қисми он ё вайрон карда мешаванд?

Дар моддаи 80 Кодекси шаҳрсозӣ меъёри ҳуқуқӣ оиди тартиби таҷзия ва вайрон намудани бино ва иншоот  мавҷуд мебошад. Барои вайрон кардани бино ё иншооот бояд асосҳои қонунӣ мавҷуд бошанд. Ин асосҳои қонунӣ дар Кодекси шаҳрсозӣ пешбинӣ шудаанд. Мувофиқи қонун  бино ва иншоот ё як қисми онҳо таҷзия ва вайрон карда мешаванд, агар:

– иншоот ё манзил  дар  қитъаи  замини худсарона ишғолнамуда сохта шуда бошанд;
– дорои нуқсоне бошанд, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, беосеб нигоҳ доштани молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таҳдид кунанд ва ин норасоиҳо наметавонанд дар xараёни таъмир ё азнавсозӣ бартараф карда шаванд;
– қитъаи замине, ки дар он бино ва иншоот xойгир шудаанд, дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси замини Xумҳурии Тоxикистон барои эҳтиёxоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ гирифта шавад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.