Дар Хатлон ду рӯз инҷониб ҷасади писарчаи 9-солаи ғарқшударо меҷӯянд

Имдодгарони Тоҷикистон корҳои ҷустуҷӯи ҷасади як кӯдаки рӯзи якшанбе ғарқшударо меҷӯянд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, нимаи рӯзи 21 август ба шуъбаи навбатдории Кумита хабар расидааст, ки сокини 9-солаи ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон ҳангоми оббозӣ дар канали байни деҳаҳо ғарқ шудааст. “Хабари марги кӯдак бепарвоии волидон мебошад, ки ӯро танҳо назди […]

Имдодгарони Тоҷикистон корҳои ҷустуҷӯи ҷасади як кӯдаки рӯзи якшанбе ғарқшударо меҷӯянд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, нимаи рӯзи 21 август ба шуъбаи навбатдории Кумита хабар расидааст, ки сокини 9-солаи ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон ҳангоми оббозӣ дар канали байни деҳаҳо ғарқ шудааст.

“Хабари марги кӯдак бепарвоии волидон мебошад, ки ӯро танҳо назди канал бе назорат гузоштаанд”, – омадааст дар маълумоти Кумита.

Имдодгарони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ба корҳои ҷустуҷӯи ҷасади кӯдак оғоз карданд, лекин ба натиҷае нарасида, ҳоло ҳам ҷустуҷӯи ҷасад идома дорад.

Кумита аз волидон босирор дархост мекунад, ки кӯдаконро назди обанборҳо бе назорат нагузошта, қоидаҳои рафторро дар об қатъиян риоя намоянд ва ба оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда роҳ надиҳанд.

Танҳо тайи 6 моҳи охири соли ҷорӣ дар кӯлу дарё ва наҳру обанборҳои дигари кишвар бар асари риоя накардани қоидаҳои оббозӣ 84 нафар ҳалок шудаанд, ки 15 нафар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Байни ғарқшудагон 7 нафарашон кӯдакони синни то 4-сола, 16 нафар – синни аз 5 то 10-сола, 24 нафар – ноболиғони синни аз 11 то 16-сола, 27 нафар – синни аз 17 то 35-сола ва 11 нафар – синни аз 35-сола боло мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.