Меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон боло рафт. Бори аввал дар соли 2022

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро ба андозаи 0,25 банди фоизӣ – аз 13,25% то ба 13,5%-и солона боло бурд. Дар қарори Кумитаи сиёсати пуливу қарзии Бонки миллӣ, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта қабул шуд, гуфта мешавад, меъёри навшуда аз имрӯз, 22 август амал мекунад. Бонки миллӣ шарҳ медиҳад, ки чунин қарор бо назардошти афзоиши […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро ба андозаи 0,25 банди фоизӣ – аз 13,25% то ба 13,5%-и солона боло бурд.

Дар қарори Кумитаи сиёсати пуливу қарзии Бонки миллӣ, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта қабул шуд, гуфта мешавад, меъёри навшуда аз имрӯз, 22 август амал мекунад.

Бонки миллӣ шарҳ медиҳад, ки чунин қарор бо назардошти афзоиши фишори таваррум ва нигаҳдории нарху тарифҳо дар давраи миёнамуҳлат дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок қабул шудааст.

Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои соли 2022 аз ҷониби Бонки миллӣ чун соли пешин дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) муқаррар шудааст.

Сатҳи таварруми солона (аз моҳи июли соли 2021 то моҳи июли соли 2022) 8,3%-ро ташкил дод, ки 0,3 банди фоизӣ болотар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.

Сатҳи таваррум асосан аз ҳисоби қиматшавии маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 4,9%, маҳсулоти ғайриозуқа – 2,1% ва таърифа (тарифҳо) ба хизматрасоии пулакӣ ба аҳолӣ – 1,3% боло рафт.

Меъёри тавррум имсол бори нахуст боло меравад. Соли 2021 он чор маротиба боло рафта буд: аз 11% дар моҳи феврал то 13,25% дар моҳи октябр.

Меъёри бозтамвил чист?

Меъёри бозтамвил фишанги калидии танзими амалиётҳои сиёсати пулию қарзӣ маҳсуб ёфта, дар асоси таҳлилҳои ҳамаҷонибаи нишондиҳандаҳои мақсаднок, хавфҳои эҳтимолии пешбинишаванда ва мавқеи сиёсати пулию қарзӣ муқаррар мегардад.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ бозтамвил меъёри фоизие шуморида мешавад, ки бар асоси он бонки марказии кишвар ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз дода, онҳо дар навбати худ, барои соҳибкорӣ ё дигар эҳтиёҷоти шахсӣ ба аҳолӣ қарз медиҳанд.

Мутаносибан, чӣ қадар меъёр баланд ё паст бошад, ҳамон қадар фоизҳои қарз дар бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ баланд ё паст мешаванд.

Меъёри бозтамвил воситаи танзими пуливу қарзӣ буда, тавассути он БМТ ба меъёрҳои бозори байнибонкӣ ва меъёрҳои қарзу депозит, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ дода мешаванд, таъсир мерасонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.