Шикасти Толибон дар Нуристон. Мардум қиём мекунанд

Толибон пас аз вулусволии Мандули вилояти Нуристон, назорати вулусволии Дуоби ин вилоятро низ аз даст додаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” бо такя ба манобеъи маҳаллӣ аз вилоят Нуристон хабар медиҳад. Гуфта мешавад, 29-уми сентябр, бошандагони Дуоб дар эътироз ба қатли Баҳромуддин Нуристонӣ, фармондеҳи пешини низомӣ, ба маркази ин вулусволӣ ҳуҷум овардаанд. “Масъулони маҳаллии […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Толибон пас аз вулусволии Мандули вилояти Нуристон, назорати вулусволии Дуоби ин вилоятро низ аз даст додаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” бо такя ба манобеъи маҳаллӣ аз вилоят Нуристон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, 29-уми сентябр, бошандагони Дуоб дар эътироз ба қатли Баҳромуддин Нуристонӣ, фармондеҳи пешини низомӣ, ба маркази ин вулусволӣ ҳуҷум овардаанд.

“Масъулони маҳаллии Толибон идораи вулусволии Дуобро тарк карда ва ҳамчунон шуморе аз ҷангҷуёни онон ба ҷамъи мӯътаризон пайвастаанд”, – навиштааст рӯзнома.

Манбаъ афзудааст, ки беш аз ҳазор нафар аз ҳаводорони ин фармондеҳи пешини низомӣ, аз ҷойҳои мухталиф дар вулусволии Дуоб таҷаммӯъ кардаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки имрӯз, сокинони вулусволии Мандул низ ба далели тирборон шудани Баҳромуддин Нуристонӣ, қумандони амнияи вулусволии Мандул дар ҳукумати пешин аз сӯи Толибон, назорати идораи ин вулусволиро дар даст гирифтаанд.

Гуфта мешавад дар ин вулусволӣ беш аз 3 ҳазор нафар бар зидди Толибон ба по хестаанд.

Ба иттилои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Толибон ду рӯз пеш Баҳромуддин Нуристониро ба баҳонаи тавзеъи кумак ба Лағмон даъват ва пас аз шиканҷа, тирборон карданд.

Бояд гуфт, ки то кунун гурӯҳи Толибон дар мавриди ин рӯйдодҳо изҳор назар накардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.