Дар чемпионати ҷаҳон самбокорони ҷавони тоҷик 7 медал гирифтанд

Самбокори навраси тоҷик Фарзиншоҳ Ҳусейнов дар вазни зиёда аз 98 кг байни ҷавонон (16-17-сола) ба дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон шарафёб гардид. Фарзиншоҳ Ҳусейнов шогирди мактаби варзишии Устопириён дар Ланглифи вилояти Суғд мебошад. Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо намояндагони Тоҷикистон 7 медал – 1 тилло, […]

Asia-Plus

Самбокори навраси тоҷик Фарзиншоҳ Ҳусейнов дар вазни зиёда аз 98 кг байни ҷавонон (16-17-сола) ба дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон шарафёб гардид.

Фарзиншоҳ Ҳусейнов шогирди мактаби варзишии Устопириён дар Ланглифи вилояти Суғд мебошад.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо намояндагони Тоҷикистон 7 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ – ба даст оварданд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 17 нафар дар самбои варзишӣ намояндагӣ карданд. Қувваозмоиҳо аз рӯи се синну сол баргузор шуд.

Миёни ҷавонон Субҳиддин Халилзода (-71 кг) ба гирифтани медали нуқра, Мусаниф Миробов (-58 кг) ва Анис Субадоров (-64 кг) ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф гардиданд.

Ба иттилои манӣбаъ, медали дигари нуқраро Абдуллои Ориф дар вазни -64кг миёни наврасони 16-18-сола соҳиб шуд.

Зикр мегардад, ки миёни наврасони 14-16-сола Муҳаммадамин Лоиқов (-64 кг) ва Аминҷони Абдулфайёз (-71 кг) сазвори медали биринҷӣ шуданд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо рӯзҳои 14-16 октябр дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор шуда, дар он варзишгарони 24 давлат иштирок карданд.

Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқот дастаи Русия бо касби 51 медал зинаи 1-ум, Қазоқистон бо 42 медал – зинаи дуюм (42 медал) ва Арманистон бо 20 медал –  мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.