КҲФ Тоҷикистон аз селфароӣ ва обхезӣ ҳушдор медиҳад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон аз номусоид шудани вазъи обуҳаво дар қаламрави кишвар дар рӯзҳои наздик ҳушдор медиҳад. Дирӯз, 25 октябр дар километри 202-юми роҳи мошингарди байнулмилалии Душанбе-Ваҳдат-Рашт, ки аз қаламрави ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод мегузарад, сел фаромада, дар натиҷа роҳ муваққатан баста шуд. “Барои рафъи оқибатҳои сел […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон аз номусоид шудани вазъи обуҳаво дар қаламрави кишвар дар рӯзҳои наздик ҳушдор медиҳад.

Дирӯз, 25 октябр дар километри 202-юми роҳи мошингарди байнулмилалии Душанбе-Ваҳдат-Рашт, ки аз қаламрави ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод мегузарад, сел фаромада, дар натиҷа роҳ муваққатан баста шуд.

“Барои рафъи оқибатҳои сел техникаи муҳандисии хадамоти роҳсозии ноҳия сафарбар шуда, ҷиҳати таъмини ҳаракати нақлиёт дар паҳлӯи ин қитъа роҳи садамавӣ кушода шуд. Айни замон ҳаракати ҳамаи навъҳои воситаи нақлиёт тариқи ин қитъа таъмин буда, корҳои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ идома доранд”, – зикр мешавад дар хабари Кумита.

Кумита огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 26-27 октябр дар қаламрави ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар буда, дар як қатор ноҳияҳо (ба истиснои ноҳияҳои шарқии ВМКБ) бошиддат борон меборад ва дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи марказ раъду барқ пешгӯӣ мешавад.

Дар ин рӯзҳо дар як қатор ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони вилояти Суғд (Панҷакент), Хатлон (Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин), Ноҳияҳои тобеи марказ (Рашт ва Сангвор), инчунин қаламрави ноҳияи Дарвоз селфароиҳо дар назар аст.

Дар дарёҳои Исфара, Ёхсу, Қизилсу (ҷануб) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, баландшавии сатҳи об дар назар дошта шудааст.

Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз сайру саёҳат дар кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ варзанд ва ҳангоми ҳаракат дар ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд.

Аз сокинони ноҳияҳои доманкӯҳ ва кӯҳистон даъват мешавад, ки ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳҳои наздик ба обанборҳо ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Ҳамчунин аз аҳолӣ боисрор дархост мешавад, ки баҳри пешгирии оқибатҳои ногувори сел ҳамаи ҷӯйбору наҳр, қубурҳои обпарто ва селроҳаҳои назди хонаҳояшонро тоза кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.