Манъи вуруд ба Самарқанд. Омодагӣ ба нишасти кишварҳои туркӣ идома дорад

Роҳҳои вуруд ба шаҳри Самарқанд рӯзҳои 10 ва 11 ноябр муваққатан баста мешаванд. Барои воситаҳои нақлиёте, ки тариқи транзит қаламрави вилоятро убур мекунанд, бо роҳҳои ҳамшафат ҳаракат роҳандозӣ шудааст, хабар додаанд дар РКД вилояти Самарқанд, менависад centralasian.org. Ғайр аз ин, дар рӯзҳои баргузории нишаст ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои Самарқанд низ муваққатан маҳдуд мешавад. […]

Роҳҳои вуруд ба шаҳри Самарқанд рӯзҳои 10 ва 11 ноябр муваққатан баста мешаванд. Барои воситаҳои нақлиёте, ки тариқи транзит қаламрави вилоятро убур мекунанд, бо роҳҳои ҳамшафат ҳаракат роҳандозӣ шудааст, хабар додаанд дар РКД вилояти Самарқанд, менависад centralasian.org.

Ғайр аз ин, дар рӯзҳои баргузории нишаст ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои Самарқанд низ муваққатан маҳдуд мешавад.

Дар кӯчаҳои дастрасиашон маҳдуд танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ба ҳаракати автомашинаҳои ёрии тиббӣ ва шуъбаҳои ёрии таъҷилӣ иҷоза дода мешавад.

Қаблан зикр гардида буд, ки  дар робита ба баргузории нишасти Созмони кишварҳои туркӣ, Фурудгоҳи байнулмилалии Самарқанд аз соати 00:01-и рӯзи 8 ноябр то 00:01-и рӯзи 12 ноябр баста мешавад.

Нишасти якуми Созмони кишварҳои туркӣ рӯзи 11 ноябр дар Самарқанд баргузор мешавад. Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Ӯзбекистон аъзои Созмон мебошанд. Маҷористон (Венгрия) ва Туркманистон дар Созмон мақоми нозирро доранд.

Созмони кишварҳои туркӣ моҳи октябри соли 2009 ҳамчун Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркзабон (Шӯрои туркӣ) таъсис дода шуд. Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия аъзои он шуданд.

Соли 2018 Ӯзбекистон нияти узвият ба Созмонро изҳор намуда, соли 2019 дар нишасти Боку ба узвияти Созмон пазируфта шуд. Дар нишасти Истанбул, ки 12 ноябри соли 2021 доир гардид, номи Шӯрои туркӣ ба Созмони кишварҳои туркӣ иваз шуд.

Рӯзҳои 15-16 сентябр дар Самарқанд нишасти Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд. Дар ин рӯзҳо, аз 14 то16 сентябр фурудгоҳи Самарқанд баста шуда, вуруд ба шаҳр маҳдуд карда шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.