“Хонабардӯшон”. Достони ҷаҳор эҷодкори афғон, ки ба Тоҷикистон кӯч бастанд

“Хонабардӯшон” достони чаҳор ҷавони эҷодкори афғон аст, ки баъди суқути низоми ҷумҳурият дар Афғонистон ба Тоҷикистон фирор карданд ва ҳамакнун, талош доранд бо ҳунари худ дар макони нав аз худ нақше боқӣ монанд. Филми мустанади “Хонабардӯшон” перомуни зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии чор тан аз ҳунармандони он сӯи Ому қисса мекунад, ки қабл аз фирор аз ватани […]

Хонабардӯшондостони чаҳор ҷавони эҷодкори афғон аст, ки баъди суқути низоми ҷумҳурият дар Афғонистон ба Тоҷикистон фирор карданд ва ҳамакнун, талош доранд бо ҳунари худ дар макони нав аз худ нақше боқӣ монанд.

Филми мустанади “Хонабардӯшон” перомуни зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии чор тан аз ҳунармандони он сӯи Ому қисса мекунад, ки қабл аз фирор аз ватани хеш, дар риштаҳои гуногуни санъат фаъолият мекарданд. Акнун, ба иллати сар задани ҷангу низоъҳо дар Афғонистон, онҳо дар баробари садҳо тан аз ҳамватанонашон тарки ватан карданд. Авзои ноороми ватан онҳор водор кард, ки ба Тоҷикистон ҳиҷрат кунанд. Имрӯз, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ҳамоно фаъолияти эҷодияшонро идома медиҳанд. Инак беш аз як сол аст, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд ва албатта, то андозае аз ҷомеаи Тоҷикистон ва фазои фарҳангии он огоҳӣ доранд.

Коргардон ва муаллиф Тоҳир Назар ва наворбардор Абдукарим Уроқов буда, филм аз тақдири Фаҳим Фано, Ҷаҳиш Аҳмад-Зоҳир, Умар Хомӯш ва Забиулло Сайфӣ нақл мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.