Бинои РВКД дар Душанберо тахриб ва ба ҷояш эстакада месозанд

Бинои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (РВКД)-ро тахриб намуда, бо ҷои он эстакада бунёд мекунанд. Дар ин бора аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ, сохтмони бинои нави ин ниҳод, дар майдони “Бофанда” –и пойтахт оғоз шудааст ва ҷараёни он 2-3 сол тӯл мекашад. Дар давраи пандемия, […]

Бинои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (РВКД)-ро тахриб намуда, бо ҷои он эстакада бунёд мекунанд. Дар ин бора аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, сохтмони бинои нави ин ниҳод, дар майдони “Бофанда” –и пойтахт оғоз шудааст ва ҷараёни он 2-3 сол тӯл мекашад. Дар давраи пандемия, дар майдони “Бофанда” беморхонаи муваққатии сайёр, ки аз 120 “контейнер”-и ҷониби Ӯзбекистон иборат буд,  ҷойгир мешуд.

Манбаи мо аз ироаи ҷузъиёти дигар худдорӣ кард, танҳо гуфт, дар ҷои бинои феълии РВКД дар Душанбе эстакада бунёд мешавад.

“Мақсад аз бунёди эстакада бартараф кардани ҷараёни тамбашавии мошинҳо ва баланд бардоштани иқтидори нақлиётии хатсайрҳо аст”, – афзуд ӯ.

Бояд гуфт, дар сурати бунёди эстакада ҳамаи иншооти наздик – биноҳои истиқоматӣ, Майдони “Ғалаба” ва “Танкаи ИС-2 (Иосиф Сталин)”, ки 35 сол пеш дар арафаи Рӯзи ғалаба – 9 май соли 1987 дар пойтахт, ҳамчун муҷассамаи ёдгорӣ, қомат афрохта буд, тахриб мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки як манбаъ дар шаҳрдории Душанбе ҳанӯз соли 2019 ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки дар доираи татбиқи Нақшаи генералии пойтахт то соли 2030 ният доранд, дар Душанбе  ҳудуди 20 эстакадаи нав бунёд кунанд.

Ӯ гуфта буд, ки аз ҷумла лоиҳаи бунёди гузаргоҳҳои се ва дуошёна дар маҳаллаҳои “Сирк”-и пойтахт, гардиш аз корхонаи нассоҷӣ ба сӯйи комбинати гӯшт, дар гардиши фурудгоҳ, “Масложиркомбинат”, сафорати ИМА дар Душанбе, микроноҳияи 102, дарвозаи ғарбии пойтахт, дар ҳудуди корхонаи семент, бозори «Корвон» амалӣ карда мешавад.

Ба таъкиди вай, ҳамаи лоиҳаҳо дар марҳалаи баррасӣ мебошанд ва дар сурати тасдиқ, онҳо аз ҳисоби буҷети шаҳр ва маблағҳои сармоягузорӣ сохта мешаванд.

То имрӯз дар шаҳри Душанбе ду эстакадаи сеошёна: дар минтақаи маъруф ба “Қарияи Боло” ва дар микрорайони 82 сохта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.