Барқияи изҳори тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Индонезия

Имрӯз, 22-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Ҷоко Видодо, Президенти Индонезия дар робита ба заминларзаи шадид дар ҷазираи Яваи ин кишвар барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳури ҶТ. “Вобаста ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардии амиқи ин ҷонибро ба Шумо, мардуми дӯсти Индонезия ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, […]

Asia-Plus

Имрӯз, 22-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Ҷоко Видодо, Президенти Индонезия дар робита ба заминларзаи шадид дар ҷазираи Яваи ин кишвар барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳури ҶТ.

“Вобаста ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардии амиқи ин ҷонибро ба Шумо, мардуми дӯсти Индонезия ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”, – гуфта мешавад дар барқия.

Ёдовар мешавем, ки бар асари заминларзаи шадид, ки дирӯз, 21-уми ноябр, дар ҷазираи Яваи Индонезия рух дода буд, дасти кам 162 нафар ҳалок шуда, садҳо тани дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора ВВС бо истинод ба Ридуан Камил, губернатори минтақавӣ хабар медиҳад.

Бар асоси гузоришҳои маркази Геологии ИМА қувваи заминларза 5,6 баллро ташкил додааст. Маркази заминларза шаҳри Чианджур, қисмати ғарбии ҷазира дар чуқурии 10 км будааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.