“Хатои тақдирcӯз”. Чӣ гуна Шуҳрат ифротӣ шуд?

Сурайё Раҳматуллоева, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен, бо се кӯдаки маъюбаш интизори шавҳари зиндониаш аст. Қиссаи саргардонии ӯву кӯдаконаш тақрибан 7 сол пеш оғоз шуд, замоне, ки ӯ бо даъвати шавҳараш ба Туркия рафт. Ҳудуди 13 сол пеш Сурайё бо Шуҳрат Сатимов ном хешовандаш оила барпо кард. Соле пас онҳо соҳиби кӯдак шуданд. Кӯдаки […]

Сурайё Раҳматуллоева, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен, бо се кӯдаки маъюбаш интизори шавҳари зиндониаш аст. Қиссаи саргардонии ӯву кӯдаконаш тақрибан 7 сол пеш оғоз шуд, замоне, ки ӯ бо даъвати шавҳараш ба Туркия рафт.

Ҳудуди 13 сол пеш Сурайё бо Шуҳрат Сатимов ном хешовандаш оила барпо кард. Соле пас онҳо соҳиби кӯдак шуданд. Кӯдаки онҳо маъюб таваллуд шуд. Шуҳрат барои пайдо кардани маблағи табобати писараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафт. Баъдан ин сафараш “сархӯр” шуд: худашу бародараш зиндонӣ шуданд, волидайну оилааш саргардон.

Дертар маълум шуд, ки гурӯҳҳои ифротӣ ӯро замони дар Тоҷикистон буданаш бо роҳи фиреб ба Русия даъват карда, ба ӯ пулу моли зиёд ва ҷои кори “равған”-ӣ ваъда карданд. Ҳамин тариқ, ӯ дар кишвари бегона бо роҳнамоии ифротиёни гумроҳ ба ақидаҳои нодурусти динӣ машғул мешавад. Овозаи гумроҳии ӯ ба деҳааш мерасад, вале ӯ наздикону пайвандонашро мутақоид мекунад, ки ба гапи мардум эътибор надиҳанд, ӯ гуноҳе надорад.

Баъдан мақомоти қудратии кишвар ба суроғи Шуҳрат ба хонааш ноҳияи Спитамен меоянд ва мегӯянд, ки онҳо аз аъмоли ӯ огоҳанд ва агар ихтиёран баргардад, шояд авф шавад. Вале ин ҷавон розӣ намешавад ва ҳамин тариқ, бо маслиҳати волидайн, соли 2015 бародараш Бекмурод Сатимов, ки дар деҳа духтур буд, барои баргардонидани Шӯҳрат ба Русия меравад.

Падараш ба Бекмурод маблағи чиптаи бозгашт ӯву Шуҳратро медиҳад. Ӯ маблағҳоро ба додараш медиҳад, то чипта харида ба Тоҷикистон ояд. Вале Шӯҳрат на ба Тоҷикистон, балки ба Туркия чиптаи ҳавопаймо мехарад.

Ин амалӣ ӯ, Бекмуродро зери хатар мегузорад ва соли 2015 вақте ӯ ба Тоҷикистон бармегардад, кормандони мақомоти қудратӣ ӯро барои маблағгузории ба ифротгароӣ дастгир ва барои 8 сол зиндон мекунанд. Бекмурод 7 сол дар зиндон адои ҷазо кард ва се моҳ пеш барои риояи тартиботу талаботи маҳбас пеш аз мӯҳлат озод гардид.

Соли 2015 Шуҳрат занашро ба назди худ ба Туркия даъват кард ва кӯдаки маъюбашро ба тарбияи хушдоманаш (модари шавҳараш) гузошт. Дар Туркия бо гузашти ду сол онҳо соҳиби боз ду кӯдак шуданд, ки писари дуввумаш низ маъюб таваллуд шуд. Ҳоло танҳо духтараш солим аст. Писари калонияш  10 сол дорад ва аз сабаби маъюбӣ ба мактаб рафта наметавонад.

Билохира, соли 2019, бо дархости Тоҷикистон Шуҳрат Сатимов дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод гардид. Дар ватан ӯ муҳокима ва ба 14 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳамакнун, ҳамсари Шуҳрат натанҳо кӯдакони маъюби худро нигоҳубин мекунад, ҳамчунин дар андешаи раҳоии шавҳараш аст.

“Нони  ҳалол додам, аммо…”

Дилмурод Сатимов, падари Шуҳрат, ки 63 сол дорад, мегӯяд, дар паси панҷара дидани фарзанд барои ҳамаи волидон дарди сахт аст.

“Солҳои зиёд софдилона кор кардам, меҳнати ҳалол кардам. Ҳамеша кӯшиш кардам, ки фарзандони худро бо луқмаи пок калон кунам. Заминсози деҳа бошам ҳам, барои худ замин нагирифтам… Дар охир ин кирдори фарзандам маро сархам кард. Ҳоло меандешам, ки дар куҷо хато кардам, ки фарзандам ба ин роҳи хато рафт…”, – мегӯяд Дилмурод Сатимов.

5 сол бидуни ифротгароӣ

Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода бо таассуф аз гаравиши ҷавонон ба ҳаракатҳову гурӯҳҳои ифротӣ таъкид мекунад, ки барои решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб дар ҳамкорӣ бо мақомоти амниятиву интизомии ноҳия тамоми чораҳоро андешида истодаанд.

“Ҳар моҳ ду бор ба минтақаҳо рафта, байни мардум оиди пешгирии ҷиноятҳо якҷо бо сохторҳои зикршуда суҳбатҳо мекунем. Ҳамчунин, барои бо ҷойи кор таъмин кардани ҷавонон ва тарбияи дурусти онҳо чораҳо меандешем. Ҳамин корҳо боис шуд, ки аз соли 2015 ин ҷониб дар ноҳияи Спитамен ягон ҳолати гаравиш ба гуруҳҳои ифротӣ ба қайд гирифта нашудааст”, – мегӯяд раиси ноҳия.

Гуфтан ба марид аст, ки пас аз оғози ҷангҳо дар кишварҳои арабӣ мисли Сурияву Ироқ ва зуҳури гуруҳҳои террористӣ ҳазорҳо шаҳрвандони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба доми таблиғгарони ифротгаро афтода, ба манотиқи ҷангзада сафар карданд. Аз ҷумла, аз Тоҷикистон низ садҳо нафар ба ин минтақаҳо рафтанд.

Мақомоти кишвар аз рӯзи аввали оғози ин раванди номатлуб барои пешгирии раҳгумзании шаҳрвандони моил ба ифротгароӣ талошҳо намуд ва ҳамеша барои бозгардонии онҳо кӯшиш намуд. Ҳатто бо ворид намудани тағйирот ба қонун, эълон карда шуд, ки ҳар нафари бо хоҳиши худ баргашта, мавриди авф қарор мегирад. Ҳамин буд, ки дар чандин маврид роҳгумзадагон ба ватан баргаштанд. Баъзеи баргаштагон пас аз таҳқиқ ва исботи бегуноҳӣ авф шудаву онҳое, ки дар ҷиноятҳои сангин даст доштанд, равонаи зиндон шуданд ва ҳамакнун, раҳоии худро интизоранд. Мисли Шуҳрат Сатимов, ки 11 соли дигар бояд дар маҳбас бимонад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.