Парлумони Эрон узвияти давлатро ба СҲШ маъқул донист

Намояндагони Шӯрои исломии машваратии Эрон дар ҷаласаи парлумон лоиҳаи қонун дар бораи узвияти кишвар ба Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро маъқул шумориданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Mehr. Лоиҳаи қонун аз ҷониби 205 нафар вакилон ҷонибдорӣ шуда, 3 нафар муқобил овоз доданд ва 4 нафар аз раъйдиҳӣ худдорӣ намуданд. Барои ба СҲШ ҳамроҳ […]

Asia-Plus

Намояндагони Шӯрои исломии машваратии Эрон дар ҷаласаи парлумон лоиҳаи қонун дар бораи узвияти кишвар ба Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро маъқул шумориданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Mehr.

Лоиҳаи қонун аз ҷониби 205 нафар вакилон ҷонибдорӣ шуда, 3 нафар муқобил овоз доданд ва 4 нафар аз раъйдиҳӣ худдорӣ намуданд.

Барои ба СҲШ ҳамроҳ шудан Эрон бояд ҳамаи 49 санади аз ҷониби созмон то ин замон қабулшударо тасдиқ мекард.

Созмони ҳамкории Шанхай соли 2001 аз ҷониби сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон таъсис дода шуд.

Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка шарикони созмон мебошанд. Таҳкими субот ва амният, мубориза бо терроризм, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, шарикӣ дар соҳаи энергетика ва робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои Созмон унвон шудаанд.

Эронро бинобар сабаби таҳримҳои ҷоришудаи Шӯрои амнияти СММ, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо нисбати ин кишвар ба созмон қабул карда наметавонистанд, аз ин рӯ, Эрон мақоми нозирро дар СҲШ дошт. Пас аз соли 2016 ба туфайли имзои созишнома оид ба барномаи ядроӣ (ҳастаӣ), ки Эрон ба истеҳсол накардани аслиҳаи ҳастаӣ уҳдадор шуд, маҳдудиятҳо тадриҷан бекор шуданд.

Моҳи сентябри соли равон Теҳрон дар бораи ба уҳвияти СҲШ пазируфта шудан Ёддошт ба имзо расонид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.