Баҳси нашри китобҳои бадеӣ. Ноширон шикоят доранд, вазорат мегӯяд, дар 10 сол 770 номгӯй китоб нашр кард

Байни Вазорати маориф ва илми кишвар ва ноширони давлатӣ дар робита ба нашри китобҳои бадеӣ  ва тақсимоти он ба муасисаҳои таълимӣ баҳсе ба миён омадааст. Масъулини муассисаҳои нашриёти давлатӣ, мегӯянд, то имрӯз вазорати маориф ва роҳбарияти шаҳру вилоятҳо барои дастрас намудани китобҳои нашркардаи онҳо талоше анҷом надодаанд. Вале вазорат афзуд, дар 10 соли охир беш аз […]

Байни Вазорати маориф ва илми кишвар ва ноширони давлатӣ дар робита ба нашри китобҳои бадеӣ  ва тақсимоти он ба муасисаҳои таълимӣ баҳсе ба миён омадааст. Масъулини муассисаҳои нашриёти давлатӣ, мегӯянд, то имрӯз вазорати маориф ва роҳбарияти шаҳру вилоятҳо барои дастрас намудани китобҳои нашркардаи онҳо талоше анҷом надодаанд. Вале вазорат афзуд, дар 10 соли охир беш аз 770 номгӯй китоби бадеӣ нашр карда, ба муассисаҳои таълимӣ дастрас кардааст.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин иттилоъро дар посух ба як матлаби Раҷаб Мирзо, журналист ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар сафҳаи расмиаш дар “Фейсбук” нашр кардааст.

Ба иттилои манбаъ, тиражи умумии китобҳои бадеие, ки дар давоми солҳои 2012-2022 нашр шудаанд, беш аз 4 миллиону 150 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад.

Ин ниҳод гуфтааст, ки теъдоди зиёди адабиёти бадеии аз ҷониби муассисаҳои нашриявии «Адиб», «Маориф» ва «Адабиёти бачагона» нашр гардида, ҷиҳати харидорӣ аз ҷониби мактабҳо ба «Адиб» ва  раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мактуб ирсол шудааст.

Ба навиштаи манбаъ, тайи солҳои охир Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз муассисаи нашриявии «Адиб» 428 номгӯй ба миқдори қариб 276 ҳазор нусха, аз муассисаи нашриявии «Маориф» 61 номгӯй наздикӣ 88 ҳазор нусха адабиёти бадеиро харидорӣ намуда, ба муассисаҳои таълимии кишвар дастрас гардонидааст.

“Бо ҳамкории Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф 39 номгӯй китоби дарсии бачагона ба миқдори 1 миллиону 731 ҳазору 600 нусха, Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» 178 нусха ба миқдори 1 миллиону 308 ҳазору 720 нусха китобҳои бадеӣ ба китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ирсол карда шудааст”, – менависад манбаъ.

Илова бар ин, 30 номгӯй адабиёти бадеӣ ба теъдоди умумии 210 ҳазор нусха ва дар соли 2022-юм 17 номгӯй китоби бадеӣ бо теъдоди умумии 131 ҳазору 134 нусха нашр ва ба марказҳои инкишофи кӯдак ва кӯдакистонҳои назди раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас гардонида шудааст.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки дар соли 2023 Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо дастгирии шарикони рушд нашри 40 номгӯй китоби бадеиро аз осори адибони тоҷик ва адабиёти ҷаҳон барои хониши беруназсинфии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба нақша гирифтааст.

Бояд гуфт, Раҷаб Мирзо дар матлаби худ таҳти унвони “Вақте супориши Президент иҷро намешавад” гуфта буд, ки “масъулини муассисаҳои нашриявии давлатӣ, аз ҷумла Энсиклопедияи миллии тоҷик, "Ирфон", "Адиб", ки аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон китоб нашр мекунанд, мегӯянд, то имрӯз на масъулини Вазорати маориф ва илм, на роҳбарияти шаҳру вилоятҳо барои дастрас намудани китобҳои нашркардаи онҳо талоше анҷом надодаанд”.

Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, рӯзи 11 августи соли гузашта зимни ифтитоҳи мактаби №15 -и шаҳри Конибодом Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба масъулини вазорати маориф ва илм, ҳамчунин сохторҳои дигар супориш дода буд, ки китобхонаҳои макотиби кишвар дар баробари китобҳои дарсӣ бояд бо китобҳои бадеӣ низ ғанӣ гардонида шаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи декабри соли 2022 Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфта буд, танҳо дар ин сол онҳо беш аз 4 млн нусха китоби дарсӣ нашр кардаанд, аммо то имрӯз дар мактабҳои Тоҷикистон 44 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди тақрибан 500 ҳазор нусха намерасад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.