Дар Суғд беш аз 60 духтурро ҷарима кардаанд

Соли гузашта, 65 корманди соҳаи тандурустии вилояти Суғд барои роҳ додан ба камбудӣ дар вақти иҷрои вазифаҳои касбӣ ба маблағи тақрибан 45 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Илҳом Пӯлотзода, сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд гуфт, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 қариб як баробар зиёд аст. Ба […]

Соли гузашта, 65 корманди соҳаи тандурустии вилояти Суғд барои роҳ додан ба камбудӣ дар вақти иҷрои вазифаҳои касбӣ ба маблағи тақрибан 45 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Илҳом Пӯлотзода, сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд гуфт, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 қариб як баробар зиёд аст.

Ба иттилои ӯ, дар соли 2021-ум 35 корманди тибби вилоят 25,5 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда буданд.

Номбурда гуфт, ки дар соли 2022 инчунин, ба 70 корманди тиб муҷозоти интизомӣ гирифтаанд.

Ин масъул, сабаби муҷозот ва ҷаримаи кормандони бахши тандурустии вилояти Суғдро амалӣ нагардидани дастурамали вазифавӣ, ба роҳ монда нашудани ҳуҷҷатгузорӣ дар самти коргузорӣ, таъмин карда нашудани парвандаҳои шахсии баъзе аз кормандон, набудани назорати доимӣ тарафи маъмурияти марказ, худсоз будани ҳуҷҷатгузории шуъбаҳо, набудани китоби қайди муроҷиаткунандагони амбулаторӣ ва ғайра маънидод кард.

Ёдовар мешавем, ки соҳаи тандурустӣ бо вуҷуди ҳаётан муҳим будан ҳамасола бо ҷой доштани камбудҳо, аз ҷумла ҳолатҳои зиёди коррупсионӣ дар сархатти расонаҳо қарор мегирад. Инчунин, дар ҳисоботи омории  мақомоти коррупсия ҳамасола номи ин соҳа ҳамчун “пешсаф” зикр мегардад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.