Марги боз як узви хонадоне, ки баъди хӯрдани “икра” ду аъзои он фавтида буданд

Як узви дигари оилаи Каримовҳо, сокинони шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки қаблан ин хонавода аз истеъмоли “икра” заҳролуд шуда, ду аъзои он фавтида буд, ба ҳалокат расидааст. Ҷамолиддин Раҳимов, сардухтари Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, Муноҷот Каримоваи 41 сола, ки шаби 6-уми январ бо аломати тромбоэмболияи шараёни шуш ва норасоии […]

Як узви дигари оилаи Каримовҳо, сокинони шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки қаблан ин хонавода аз истеъмоли “икра” заҳролуд шуда, ду аъзои он фавтида буд, ба ҳалокат расидааст.

Ҷамолиддин Раҳимов, сардухтари Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, Муноҷот Каримоваи 41 сола, ки шаби 6-уми январ бо аломати тромбоэмболияи шараёни шуш ва норасоии нафас ба шӯъбаи эҳё бистарӣ шуда буд, баъди 1,5 соат ба ҳалокат расид.

Номбурда гуфт, Муноҷот Каримоваро наздиконаш дар ҳолати вазнин  ба беморхона оварданд ва марги ӯ ба бемории ҳасибак, ки ӯ қариб ду моҳ пеш баъди хӯрдани “икра” бо аҳли оилааш гирифтор шуда буд, рабт надорад.

Ёдовар мешавем, ки 8 узви оилаи Каримовҳо баъди истеъмоли икра (салати хонагӣ)  заҳролуд шуда, ду аъзои он-модару духтар Умринисо ва Муҳтарам Каримова фавтида буданд.

6-нафари дигар аҳли оила баъди табобат мураххаз шуда ба хонаашон баргашта буданд. Аммо марги боз як тан аз узви ин оила сару садоҳоро ба миён овард, ки ба сокинон марги ӯро ба бемории қаблан гирифторшуда (ҳасибак) ё зарҳролудшавии ин хонадон рабт медоданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.