КҲФ: Хатари лағзиши тарма ҳоло ҳам боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки хатари лағзиши тарма дар кишвар ҳоло ҳам боқӣ мемонад. “Рӯзҳои 19 ва 20 январ дар навоҳии кӯҳӣ, ҳамчунин дар роҳҳои мошингарди  Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Лахш, Кӯлоб – Дарвоз,  Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки хатари лағзиши тарма дар кишвар ҳоло ҳам боқӣ мемонад.

“Рӯзҳои 19 ва 20 январ дар навоҳии кӯҳӣ, ҳамчунин дар роҳҳои мошингарди  Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Лахш, Кӯлоб – Дарвоз,  Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад”, – огоҳӣ дода мешавад дар хабаи Кумита.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар натиҷаи гармии рӯзона ва об шудани барфҳо сардии шаб боиси яхбандӣ дар роҳҳо мешавад.

“Аз ин рӯ, аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунем дар ин рӯзҳо аз равуо дар қитъаҳои хатарноку осебпазир ба қасди ҷамъоварии ҳезуму роҳандозии корҳои дигар худдорӣ намоянд”, – зикр мешавад дар хабар.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки агар сафар зарур шуд, бояд аввал мошини худро аз назар гузаронанд, чархҳои фарсударо бо нав иваз кунанд, ҳама лавозимоти барои ин рӯзҳо зарурро бо худ бигиранд.

Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар ин гуна рӯзҳои сарду тармахез басо эҳтиёткор бошанд!

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.