Толибон Ӯзбекистонро барои риоя накардани тавофуқи ҳосилшуда интиқод карданд

Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон аз Ӯзбекистон хостааст, ки дар асоси паймоне, ки барои интиқоли барқ ба Афғонистон бастааст, амал кунад. Дар ин бора Тулӯънюз хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, Амирхон Муттақӣ рӯзи якшанбе зимни нишасте дар Кобул, аз Тошканд интиқод кардааст, ки интиқоли барқро ба Афғонистон дар шароити душвор қатъ кардааст. “Ба ваъдаи […]

Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон аз Ӯзбекистон хостааст, ки дар асоси паймоне, ки барои интиқоли барқ ба Афғонистон бастааст, амал кунад. Дар ин бора Тулӯънюз хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Амирхон Муттақӣ рӯзи якшанбе зимни нишасте дар Кобул, аз Тошканд интиқод кардааст, ки интиқоли барқро ба Афғонистон дар шароити душвор қатъ кардааст.

“Ба ваъдаи худ пойбанд бимонанд. Бо ширкати “Брешно” (Корхонаи миллии барқи Афғонистон ё DABS) таъаҳҳуд шудааст, ки Ӯзбекистон ба Афғонистон барқро интиқол хоҳад дод. Мутаассифона онҳо интиқоли барқро акнун қатъ кардаанд ва шаҳрвандон бо чолишҳо рӯбарӯ шудаанд”, – истинод мекунад Тулӯънюз.

Бархе аз сокинони Кобул ба Тулӯънюз гуфтаанд, ки бо сард шудани ҳаво маҳдудияти интиқоли барқ афзоиш ёфтааст ва аз як ҳафта боз, як соат ва ё камтар аз як соат дар як шабонарӯз барқ доранд.

Дар ҳамин ҳол, ширкати “Брешно” камбуди барқро таъйид кардааст, аммо итминон додааст, ки талошҳо барои коҳиши маҳдудияти интиқоли барқ ҷараён дорад.

Афғонистон бахши бузурге аз барқи мавриди ниёзашро аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эрон ворид мекунад ва акнун, ки барқи воридотӣ аз бархе ин кишварҳо қатъ шудааст, Кобул ва дигар вилоятҳои ин кишвар бо камбудии шадиди барқ рӯбарӯ шудаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки чанде пештар ширкати “Брешно” бо ширкати “Барқи тоҷик”-и Тоҷикистон ҷиҳати интиқоли барқ созишномаро тамдид намуд. Ширкати “Барқи тоҷик” гуфта буд, ин як қарордоди иловагии ҳанӯз соли 2008 баимзорасида ба созишномаи байни ҷонибҳо мебошад ва "имзои қарордоди иловагӣ фақат ҷанбаи иқтисодӣ дорад".

Ёдовар мешавем, ки Толибон* пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон дар тобистони соли 2021 ба мушкили зиёди молиявию гуманитарӣ рӯбарӯ шуданд ва аксари кишварҳои ҷаҳон аз равобити мустақим ба ин гуруҳ канора ҷустанд. Ҳоло ин давлат бӣо чанд кишвари минтақа равобити ғайрирасмӣ дорад. Аз ҷумла бо кишварҳои Осиёи Миёна низ танҳо барои хариди барқ ва интиқоли маводи ғизоӣ равобит барқарор кардаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.