Дар Тоҷикистон Федератсияи бозиҳои миллии варзишӣ таъсис ёфт

Дар Тоҷикистон Федератсияи бозиҳои миллии варзишӣ таъсис ва Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, аввалин президенти ин ниҳод интихоб шудааст. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) хабар медиҳад. Дар ҷаласаи КМОТ, ки 19 январ баргузор гардидааст, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллоҳ […]

Дар Тоҷикистон Федератсияи бозиҳои миллии варзишӣ таъсис ва Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, аввалин президенти ин ниҳод интихоб шудааст. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) хабар медиҳад.

Дар ҷаласаи КМОТ, ки 19 январ баргузор гардидааст, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллоҳ Раҳмонзода зарурати ташкили Федератсияи бозиҳои миллии варзиширо таъкид карда, гуфтааст, тоҷикон аз зумраи миллатҳое ҳастанд, ки тавонистанд ҳастии худро маҳз тавассути расму оин, забон, фарҳанг, суннатҳои миллӣ ва бозиҳои миллии варзишӣ ҳифз намуда, аз насл ба насл мерос гузоранд.

“Моро зарур аст, дар баробари доштани имконияти таърихӣ барои эҳё, рушд ва нумуи арзишҳои миллӣ талош намоем. Аз ҷумла масъулини соҳаи варзиш барои эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ бояд ҷидду ҷаҳд намоянд, зеро бозиҳои миллии мо ҷузъи фарҳанг ва таърихи мо буда, дар муқоиса бо бозиҳои миллии дигар миллатҳо хусусиятҳои зеҳнӣ ва тафаккурӣ доранд. Бояд зикр намуд, ки онҳо на танҳо воситаи шуғл ва вақтгузаронӣ мебошанд, балки ба рушди ҷисмонӣ ва зеҳнии насли наврас метавонанд таъсири мусбат дошта бошад”, – иброз намудааст Абдулло Раҳмонзода.

Ҳамин тавр, пешниҳод гардидааст, ки Федератсияи бозиҳои миллии варзишии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Пешниҳод қабул гардида, Абдулло Раҳмонзода президенти федератсияи навтаъсис интихоб шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.