Дар ҷануби Тоҷикистон сохтмони ду роҳи мошингард оғоз мешавад

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ширкати Nanjing Communication Engineering Co. Ltd-и Чин ва ҶСП «Заводи Асфалту Бетон»-и Тоҷикистон дар бораи сохтмони роҳҳои мошингард дар вилояти Хатлон созишнома имзо кард. Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин ҷо сари сохтмони роҳи автомобилгарди Бохтар-Левакант (масофааш 9,72 км) ва Левакант- Лолазор (масофааш 30,28 км) сухан меравад, […]

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ширкати Nanjing Communication Engineering Co. Ltd-и Чин ва ҶСП «Заводи Асфалту Бетон»-и Тоҷикистон дар бораи сохтмони роҳҳои мошингард дар вилояти Хатлон созишнома имзо кард.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин ҷо сари сохтмони роҳи автомобилгарди Бохтар-Левакант (масофааш 9,72 км) ва Левакант- Лолазор (масофааш 30,28 км) сухан меравад, ки дар доираи Лоиҳаи таҷдиди роҳҳои автомобилгард сохта мешаванд.

Дар маълумоти Вазорати нақлиёт зикр мешавад, ки дар лоиҳа сохтмони 5 роҳи мошингард дар назар буда, президент онро дар паёмаш ба парлумон супориш дод, ки бунёди он соли 2023 оғоз гардад. Ҳамчунин сарвари давлат дар ҷаласаи васеи ҳукумат, ки ҳафтаи гузашта доир гардида буд, ин супоришро такрор кард.

Гуфта мешавад, дар озмуни байнулмилалӣ оид ба интихоби паймонкорон барои татбиқи лоиҳаи мазкур дар баробари 18 ширкати байнулмилалӣ, ду ширкати маҳаллӣ: ҶДММ «ИДЕАЛ-СЕРВИС» ва ҶСП «Заводи Асфалту Бетон» – иштирок доштанд. Назорати сифати сохтмонро ширкати австралиягии СМЕК амалӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки дар паёми ахири президент зикр шуд, ки барои беҳбуди вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва табдили Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, тайи 5 соли ахир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 5,1 млрд сомонӣ (500 млн доллар) амалӣ шуда, дар доираи он 250 километр роҳҳои автомобилгард, 22 пул (купрӯк), 4 нақб ва якчанд эстакада сохта шуд.

Айни замон ба маблағи 11 млрд сомонӣ боз 17 лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Дар се соли наздик ба маблағи 7,4 млрд сомонӣ боз 6 лоиҳа татбиқ шуда, ба истифода додани 317 километр роҳҳои автомобилгарди байнулмилалӣ, 32 пул, 5 нақб бо масофаи умумии 11,2 километр ва 7 долонҳои муҳофизат аз тармафароӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре ки зикр шуд, корҳои иҷрошуда дар ин соҳа ба Тоҷикистон имкон доданд, ки тайи 4 соли ахир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ аз рӯи сифати роҳҳо байни 138 кишвар зинаи 50-умро ишғол намояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.