Зимистон дар куҷо метавон гарм шуд: 5 SPA-марказҳо ва ҳаммомҳо дар Душанбе

Сармоҳои ғайричашмдошт, ки тамоми кишварро фаро гирифтаанд, он қадр шитоб ҳам надоранд, ки Тоҷикистонро тарк созанд. Аз ин рӯ, сокинон маҷбуранд ба ҳавои сарди моҳи январ сабр кунанд. Барои онҳое, ки хубакак гарм шудан мехоҳанд, рӯйхати як қатор ҳаммому саунаҳоро гирдоварӣ намудем. Сайругашт дар ҳавои сарду тозаи фасли зимистон ва сипас гарм шудан бо буғ […]

Наима Раҷабова, Asia-Plus

Сармоҳои ғайричашмдошт, ки тамоми кишварро фаро гирифтаанд, он қадр шитоб ҳам надоранд, ки Тоҷикистонро тарк созанд. Аз ин рӯ, сокинон маҷбуранд ба ҳавои сарди моҳи январ сабр кунанд. Барои онҳое, ки хубакак гарм шудан мехоҳанд, рӯйхати як қатор ҳаммому саунаҳоро гирдоварӣ намудем. Сайругашт дар ҳавои сарду тозаи фасли зимистон ва сипас гарм шудан бо буғ хеле хубу ҳаловатбахш аст.

Spa Hayot

Буғи гарм дар ванна имкон медиҳад, ки бадан дуруст истироҳат карда, инчунин ба беҳтар шудани пӯст мусоидат мекунад.

Дар SPA Hayot се навъи ҳаммом мавҷуд аст: саунаи финӣ, ҳаммоми русӣ ва ҳаммоми маъмулии туркӣ. Буғи гарм тамоми ҷисмро фаро гирифта, хосиятҳои шифобахш дорад ва гармӣ ба ҳар як узви бадан қувват мебахшад.

Иловагӣ дар Spa метавон аз хидматрасониҳои масҳгарӣ (массаж), пилингҳои гуногун (беҳтар кардани вазъи пӯсти рӯй) ва ғайра истифода бурд.

Нархномаи Spa Hayot

Тамос: 446 30 22 22

Реҷаи кор: Ҳамеша кушода аст

Суроға: кӯчаи Ҷомӣ, 45/3 (наздикии: Автодром)

Шабакаҳои иҷтимоӣ: https://www.facebook.com/spahayot

Spa Hayot Сафеддара

Чӣ қадр фараҳбахшу рӯҳнавоз аст пас аз ваннаи гарм худро бо барф тоза кардан. Ммм, афсона! Ва ин комилан воқеӣ аст, зеро дар осоишгоҳи лижаронии Сафедара як мини-спа ҳаст.

Ба меҳмонони осоишгоҳ ҳаммоми туркӣ, саунаи финӣ, ҷакузи, ҳавзи шиноварӣ (бассейн) пешкаш мешавад. Илова бар ин, ин SPA барои касоне, ки тамоми рӯз лижаронӣ кардаанд ё аз сноуборд истифода бурдаанд, як ҷойи хуби истироҳат ва барқарор кардани неру мебошад.

Нарх: Барои 1 соат, то 8 нафар – 400 сомонӣ

Тамос: 446 01 30 30

Суроға: деҳаи Такоб (ноҳияи Варзоб)

Реҷаи кор: Ҳамарӯза соатҳои 8:00-17:00

Шабакаҳои иҷтимоӣ: https://www.instagram.com/safeddara/

Sultan Hamamm

Дар ин ҷо танҳо ҳаммоми туркӣ амал мекунад. Сарфи назар аз он, ки дар ин навъи ҳаммомҳо ба буғи тар ё намнок афзалият дода мешавад, дар Sultan Hamamm  барои дӯстдорони буғи хушк низ ҳуҷраи алоҳида ҳаст.

Беҳтарину ҷолибтарин хидматрасонӣ дар ин ҷо масҳи турии кафкӣ аст, ки борҳо дар сериали маъруфи «Великолепный Век» нишон дода мешавад.  

Нарх: Аз рӯзи ҷумъа то якшанбе 1 соат барои 8 нафар – 400 сомонӣ

Аз рӯзи душанбе то панҷшанбе аз соати 12:00 то 17:00 – 300 сомонӣ 

Баъди соати 17:00 – 350 сомонӣ

Тарифи «Spa Девичник» (аз рӯзи душанбе то панҷшанбе аз соати 12:00 то 17:00): 2 соат – 300 сомонӣ, 3 соат ва зиёдтар аз он – 250 сомонӣ

Тамос: 557 01 00 05, 915 76 62 62 

Суроға: кӯчаи А. Навоӣ 23/1 (наздикии: ТТЦ “ВОЛНА”, буриши кӯчаҳои 112 мкр, 92 мкр ва «Калинин»)

Реҷаи кор: Ҳамарӯза аз 8:00-00:00

Шабакаҳои иҷтимоӣ: https://www.instagram.com/sultan.hamamm.dushanbe/

Фитнес-СПА «Маиша»

Дар назди меҳмонхонаи Serеna Hotel Dushanbe маркази SPA (SPA-центр) бо толори варзишӣ амал мекунад. Дар ин ҷо пас аз тамринҳои варзишӣ метавон хуб истироҳат кард.

Дар марказ саунаи маъмулӣ бо буғи хушк ва ҳуҷраҳои буғдиҳӣ, дигар ҳуҷраҳои хидматрасонӣ, масалан барои масҳ ва минтақаи истироҳат пешкаш карда мешаванд.

Нарх: барои ҳамаи хидматрасониҳои СПА – 305 сомонӣ

Тамос: 487 01 40 00

Суроға: хиёбони Рӯдаки 14 (рӯбарӯи кинотеатри “Ватан”)

Реҷаи кор: Ҳамарӯза соатҳои 10:00-23:00

Шабакаҳои иҷтимоӣ: https://www.serenahotels.com/dushanbe/wellness

СПА меҳмонхонаи "Тоҷикистон"

Дар назди меҳмонхонаи “Тоҷикистон” SPA-и таъмиру навсозишуда ба фаъолият оғоз намуд, ки ба меҳмонон маҷмӯи васеи хидматрасониҳо, аз ҷумла саунаи финӣ бо буғи хушк, ҳаммоми туркӣ бо буғи намнок, ҳавзи шиноварии калони пӯшида, ҷакузи ва толори хурди фитнес (мини фитнес зал) бо 10 навъи дастгоҳҳои тамрин (тренажёрҳо) барои истироҳати хуб пешкаш мешаванд.

Нарх: Рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе (рӯзҳо барои занон) – 100-120 сомонӣ

Сешанбе, панҷшанбе, ҷумъа, якшанбе (рӯзҳои барои мардон) – 100-120 сомонӣ

Тамос: 221 80 80

Суроға: кӯчаи Шоҳтемура 22 (рӯбарӯи боғи Рӯдакӣ)

Реҷаи кор: Ҳамарӯза соатҳои 7:00-23:00

Шабакаҳои иҷтимоӣ: https://www.facebook.com/profile.php?id=100063691171096

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.