Таҷлили ҷашни Сада дар Душанбе. Суратгузориш

Рӯзи 29 январи соли равон дар боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада таҷлил шуд. Дар доираи таҷлили ҷашн ҳамчунин намоиш ва фурӯши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ низ баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва шаҳрдории Душанбе доир гардида, расму оинҳои ин иди қадима, аз ҷумла гулханҳо афрӯхта шуданд. Инчунин маҳсулоти кишоварзӣ низ […]

Рӯзи 29 январи соли равон дар боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада таҷлил шуд. Дар доираи таҷлили ҷашн ҳамчунин намоиш ва фурӯши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ низ баргузор гардид.

Ин чорабинӣ бо ибтикори Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва шаҳрдории Душанбе доир гардида, расму оинҳои ин иди қадима, аз ҷумла гулханҳо афрӯхта шуданд. Инчунин маҳсулоти кишоварзӣ низ ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шуда, чорабиниҳои фарҳангӣ низ баргузор шуданд.

Ёдрас мекунем, ки бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли 2017 ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту илова қабул намуд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30 январ дар ҷумҳурӣ ҷашни Сада таҷлил мегардад. Дар ҷашни Сада рӯзи истироҳат муқаррар нашудааст.

Сада ҷашни қадимию суннатии мардуми тоҷик ба шумор рафта, аз гузаштагонамон мерос мондааст. Ин ҷашн бо шумораи сад (сад фарзанди Қаюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд мебошад. Ба ақидаи олимон, ин ҷашн ба он хотир Сада ном гирифтааст, ки аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.

Ҷашни Сада ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз зикр мегардад. Аз замонҳои қадим Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, 10-уми баҳманмоҳ (30 январ) ҷашн гирифта мешавад.

Анъана ва расму оинҳои мардуми ориёитабор таърихи беш аз 3-ҳазорсола доранд. Расму оинҳои қадима бештар дар ҷашнҳои то имрӯз боқимонда, аз қабили Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра таҷассум ёфтаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.