Беш аз 50 нафар ҷон бохтаву 150 бино тахриб шуд. Дар 10 вилояти Туркия заминларзаи шадид рух дод

Бар асари заминларзаи шадид дар Туркия беш аз 50 нафар ба ҳалокат расида, наздики 150 биноҳои истиқоматӣ хароб шудаанд. Дар ин бора хабаргузории туркии “TRT Haber” иттилоъ медиҳад. Сулаймон Сойлу, вазири корҳои дохилии Туркия гуфтааст, вилоятҳои аз заминларза осебдида Қаҳрамонмараш, Хатай, Газиантеп, Осмониё, Малатия, Адиёман, Адана, Диёрбоқир, Килис ва Шанлиурфа мебошанд. “Аз бисёр ҷойҳо хабарҳо […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Бар асари заминларзаи шадид дар Туркия беш аз 50 нафар ба ҳалокат расида, наздики 150 биноҳои истиқоматӣ хароб шудаанд. Дар ин бора хабаргузории туркии “TRT Haber” иттилоъ медиҳад.

Сулаймон Сойлу, вазири корҳои дохилии Туркия гуфтааст, вилоятҳои аз заминларза осебдида Қаҳрамонмараш, Хатай, Газиантеп, Осмониё, Малатия, Адиёман, Адана, Диёрбоқир, Килис ва Шанлиурфа мебошанд.

“Аз бисёр ҷойҳо хабарҳо меоянд. Гурӯҳҳои ҷустуҷӯ ва наҷот ба минтақа эъзом шудаанд. Аввалин кори мо ҷустуҷӯ ва наҷот аст. Дастаҳо дар ҳолати омодабош ҳастанд, ҳушдори дараҷаи 4 эълон шудааст. Он ҳамчунин кумакҳои байналмилалиро дар бар мегирад”, – гуфтааст Сулаймон Сойлу.

Ӯ афзудааст, “дар баъзе чойҳо роҳбандии ҷиддӣ ба амал омадааст” ва аз шаҳрвандон хостааст, ки “барои гурӯҳҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти ёрии таъҷилӣ роҳҳоро боз созанд”.

Ба гуфтаи манбаъ, заминларзаи 7,4 дараҷаӣ соати 04:17 дар вилояти Қаҳрамонмараш рух дода, боиси харобии як қатор шаҳрҳо гардид.

Ба гуфтаи волии вилояти Малатия Ҳулуси Шоҳин, дар ин минтақа аллакай 23 нафар қурбонии заминларза ва 420 нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар ин баробар, 140 бино ҳам фурӯ рафтааст.

Ҳамин тавр, дар Диёрбакир 6 нафари дигар ҷон бохта ва 79 тани дигар захмӣ шудаанд. Дар ҳамин ҳол, дар музофоти Шанлиурфе 18 нафар кушта, 67 нафари дигар захмӣ гардидаанд.

Дар Османия ҳам 5 нафар кушта, 34 бино хароб гардидааст.

Ба гуфтаи мақомоти Туркия, заминларза бо 32 пасларза ҳамроҳ шуда, қавитаринаш 6,6 дараҷа будааст.

Бино ба иттилоъи маркази сейсмологии Аврупо-Баҳри Миёназамин, ин заминларза ба шиддати 7,5 дараҷа рух додааст.

“Баъдан се заминларзаи дигар бо шиддати аз 6,4 то 6,6 балл ба қайд гирифта шудааст”, – менависад манбаъ.

Шиддати заминларза дар давлати ҳамсояи Сурия низ эҳсос шуда, чанд шаҳри ин кишварро такон додааст.

Бар асари он дар Сурия низ беш аз 40 ба ҳалокат расидаанд. Вазорати тандурустии ин кишвар аз ҷон бохтани 42 нафар ва захмӣ шудани ҳудуди 200 нафар дар вилоятҳои Ҳалаб, Ҳама ва Латакия хабар медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.