Нуриддин Саид: “Лаҳзаҳои гуворо” маблағи ҳангуфт талаб кард”

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радио, зимни нишасти матбуотӣ имрӯз, 8-уми феврал, дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” перомуни саҳнаҳои ҳаҷвӣ дар телевизионҳои давлатӣ эътироф кард, ки “дар телевизионҳои тоҷик саҳнаҳои ҳаҷвӣ нестанд ва дар ин самт камбудӣ эҳсос мешавад”. Ӯ гуфт, ин кумита “борҳо бо ҳаҷвнигорон сари ин масъала сӯҳбат кардааст, вале ба […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радио, зимни нишасти матбуотӣ имрӯз, 8-уми феврал, дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” перомуни саҳнаҳои ҳаҷвӣ дар телевизионҳои давлатӣ эътироф кард, ки “дар телевизионҳои тоҷик саҳнаҳои ҳаҷвӣ нестанд ва дар ин самт камбудӣ эҳсос мешавад”.

Ӯ гуфт, ин кумита “борҳо бо ҳаҷвнигорон сари ин масъала сӯҳбат кардааст, вале ба мувофиқа нарасидааст”.

“Бо ҳаҷвнигорони гурӯҳи “Лаҳзаҳои гуворо” дар ин маврид гуфтугӯ кардем. Барои 3-4 барномаи ҳавҷӣ дар 1 моҳ аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ пешниҳод кардем. Онҳо розӣ нашуданд. Маблағҳои ҳангуфт аз мо талаб доранд, ки аз тавони Кумита боло аст”, – гуфт Нуриддин Саид.

Раиси Кумитаи телевизион ва радио афзуд, “дар таҳияи баномаҳои ҳаҷвӣ барои телевизион бо Аловиддин Абдуллоев ба мувофиқа расида будем, вале ин ҳаҷвнигори хубамон аз олам даргузашт ва ҳамин тавр, саҳнаҳои ҳаҷвии телевизион холӣ монд”.

Ба гуфтаи ӯ, Кумитаи телевизион ва радио ҳоло бо ҳаҷвнигорон ҳамкориро ба роҳ мондаааст ва дар телевизиони “Тоҷикистон” дар ин хусус озмун ҳам эълон гардидааст.

“Ҳоло бо гурӯҳи ҳаҷвии “Хандинкамон” ва дигар ҳаҷвнигорон ҳамкориро ба роҳ мондаем ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ дар минбаъда ба телевизион бармегардед”, – таъкид кард Нуриддин Саид.

Бояд гуфт, чанд соли охир дар чорабиниҳои расмӣ ва телевилионҳои давлатӣ саҳнаҳои ҳаҷвӣ ба намоиш гузошта намешаванд. Тамошобинон ахиран аз барномаҳои Соли навӣ ҳам интиқод карда, гуфтанд, “дар шабу рӯзи соли нав дар телевизионҳои тоҷик ҳама саҳнаҳои кӯҳна намоиш дода шуд”.

Ҳаҷвнигорон нигаронӣ доранд, ки онҳоро даъват намекунанд, соҳибназарон мегӯянд, муҳтавои пасти саҳнаҳои ҳаҷвӣ сабаби аслии дур шудани ҳаҷв аз чорабиниҳои расмӣ ва телевизионҳои давлатӣ гардидааст. Баҳси мазкур чанде пештар дар матлаби алоҳидаи “Азия-Плюс” мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.