Шумори қурбониён дар Туркия ба беш аз 31 ҳазор нафар расид

Бар асари заминларза дар Туркия зиёда аз 31 ҳазор нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора имрӯз, 13 феврал Анадолу бо истинод ба Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи ҳукумат (АФАД) хабар медиҳад. Гуфта мешавад, айни замон шумори қурбониёни заминларза дар Туркия то 31 ҳазору 643 нафар ва теъдоди осебдидагон – ба 80 ҳазору 278 нафар расидааст. Дар натиҷаи […]

Asia-Plus

Бар асари заминларза дар Туркия зиёда аз 31 ҳазор нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора имрӯз, 13 феврал Анадолу бо истинод ба Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи ҳукумат (АФАД) хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, айни замон шумори қурбониёни заминларза дар Туркия то 31 ҳазору 643 нафар ва теъдоди осебдидагон – ба 80 ҳазору 278 нафар расидааст. Дар натиҷаи ин офат 66 ҳазору 444 бино тахриб шудаааст.

Корҳои ҷустуҷӯ дар минтақаи офат идома доранд. Пас аз 7 рӯзи офат имдодгарон, аз ҷумла наҷотдиҳандагони Тоҷикистон то ҳол аз зери харобаҳо одамони зиндамондаро дарёфт мекунанд.

Чанде пеш имдодгарони Тоҷикистон аз зери харобаҳо дар музофоти Қаҳрамонмараш ду кӯдаки зинадмондаро берун гирифтанд. Баъди 151 соат аз заминларза имдодгарони тоҷик аз зери вайронаҳои бинои 9-ошёна кӯдаки 4-соларо наҷот доданд.

Қаблан рӯзи шанбе имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз зери харобаҳо падар ва кӯдаки 6-моҳаи ӯро берун оварда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.