Вазорат: “Яндекс.Go” ҳатто барои пешниҳоди хидматрасониҳои диспетчерӣ ҳуқуқ надорад”

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро ширкати "Яндекс.Go" ҳатто ба пешниҳоди хидматрасониҳои диспетчерӣ (қабули фармоиш) дар Тоҷикистон ҳуқуқ надорад ва фаъолияташ дар ҷумҳурӣ ғайриқонунӣ аст. Вазорат ин масъаларо дар мактубаш дар посух ба мақолаи "Яндекс Go": "Дар Душанбе ронандаву мошин надорем ва танҳо пойгоҳи иттилоотиямон фаъол аст", ки рӯзи 22 феврал дар сомонаи мо […]

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро ширкати "Яндекс.Go" ҳатто ба пешниҳоди хидматрасониҳои диспетчерӣ (қабули фармоиш) дар Тоҷикистон ҳуқуқ надорад ва фаъолияташ дар ҷумҳурӣ ғайриқонунӣ аст.

Вазорат ин масъаларо дар мактубаш дар посух ба мақолаи "Яндекс Go": "Дар Душанбе ронандаву мошин надорем ва танҳо пойгоҳи иттилоотиямон фаъол аст", ки рӯзи 22 феврал дар сомонаи мо нашр шуд, шарҳ медиҳад.

Вазорати нақлиёт зикр мекунад, ки мувофиқи меъёрҳои “Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (боби 8 моддаи 70), “фаъолияти хадамоти диспетчерии таксӣ як қисмати технологии мусофиркашонӣ дар таксӣ мебошад”.

“Яъне ҷараёни ҳамлу нақли мусофирон дар таксӣ на танҳо аз хидматрасонии мусофирбарӣ, балки аз қабули фармоишҳо, ки аз ҷониби хадамоти диспетчерӣ амалӣ мешавад, низ иборат аст. Бо ин назардошт, наметавон гуфт, ки хидматрасонии пешниҳоднамудаи ширкати "Яндекс.Go" хидматрасонии платформа (пойгоҳ)-и иттилоотӣ аст. Ширкати мазкур хидматрасониҳои хадамоти диспетчерии таксиро анҷом медиҳад”, – омадааст дар посухи Вазорат.

Дар мактуб ҳамчунин банде аз “Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба ташкил, амалӣ намудан ва хидматрасониҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоч бо таксӣ (бо фармоиши вазири нақлиёти Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2021 зери №214 тасдиқ шудааст) оварда шудааст, ки дар он гуфта мешавад:

“… ба ҷалби таксӣ барои хидматрасонии мусофирон аз ҷониби як оператори хадамоти таксӣ барои дигар оператори хадамоти такси ва ҳамлу нақли мусофирон дар такси бо рақамҳои қайди давлатии дигар минтақаҳо дар қаламрави шаҳрҳое, ки фаъолияти таксӣ бо симои ягонаи зоҳирӣ” қабул шудааст, роҳ дода намешавад”.

Вазорати нақлиёти ҶТ изҳор мекунад, ки бо назардошти асосҳои дар боло зикршуда, фаъолияти ширкати "Яндекс.Go" дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст”.

“Дар робита ба вазъияти бамиёномада, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ки ба ширкати "Яндекс.Go" ҷиҳати анҷом додани ин навъи фаъолият иҷозатнома надодааст, мунтазам миёни ронандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад”, – гуфтаанд дар Вазорат.

Хадамоти онлайнӣ (Онлайн-сервис)-и "Яндекс. Go" рӯзи 15 феврал дар бораи оғози фаъолияти худ дар Душанбе хабар дода, муштариёни аввалин бо фармоиши таксӣ тариқи замимае, ки барои iOS ва Android дастрас аст, аз хидматрасонии он истифода бурданд.

Вале як рӯз пас, 16-уми феврал, "Душанбенақлиётхадамотрасон", як воҳиди ваколатдори шаҳрдории Душанбе оид ба ташкил ва танзими ҳаракати мусофирбар дар пойтахт ин хабарро рад карда, изҳор дошт, ки ин ширкат иҷозаи фаъолият дар бозори хидматрасонии таксиҳои пойтахтро надорад.

Субҳи рӯзи 17 феврал дар Раёсати танзими нақлиёти шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки “фаъоолияти ин ширкат дар пойтахт ғайриқонунӣ ба роҳ монда шудааст".

Шоми ҳамон рӯз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар натиҷаи баргузории “чорабинии мақсаднок” ронандагоне, ки бо хадамоти онлайнии "Яндекс Go" ҳамкорӣ доштанду дар пойтахт хидматрасонии онҳоро пешниҳод намуданд, боздошт шуданд. Мақомоти милитсияи Душанбе изҳор дошт, ки “ширкати Русия фаъолияташро дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ оғоз намуд, зеро ҳоло дар ҷумҳурӣ расман ба қайд гирифта нашудааст”.

Баъдтар ширкати "Яндекс.Go" дар посух ба саволҳои “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки ширкат мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон фаъолият намуда, онҳо танҳо ба сифати пойгоҳи иттилоотӣ кор мекунанд.

"Яндекс.Go" платформаи байналмилалии иттилоотӣ мебошад. Мо худамон ронандаву мошин надорем. Бо шарикони мусофирбари маҳаллӣ кор мекунем, ки онҳо дар навбати худ, бо ронандагон кор карда ба корбарон хидматрасониҳои нақлиётӣ пешниҳод мекунанд”, -зикр гардида буд дар посухи хаттии ширкат.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.