Падар барои куштори духтари хурдсолаш барои 25 сол равонаи зиндон шуд

Додгоҳи шаҳри Душанбе Гурез Саидов, сокини ноҳияи Шоҳмансурро барои куштори духтари хурдсолаш ба мӯҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Дар ин хусус сомонаи Додситонии кулли кишвар хабар медиҳад. Ба навиштаи ин манбаъ, Гурез Саидовро бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,е” Кодекси ҷиноии кишвар гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз […]

Додгоҳи шаҳри Душанбе Гурез Саидов, сокини ноҳияи Шоҳмансурро барои куштори духтари хурдсолаш ба мӯҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Дар ин хусус сомонаи Додситонии кулли кишвар хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин манбаъ, Гурез Саидовро бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,е” Кодекси ҷиноии кишвар гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 25 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин кардааст.

Гуфта мешавад, ки Гурез Саидови 67 сола (соли таваллудаш 1956) соҳиби 7 фарзанд буда, 28 уми октябри соли 2022 бо мақсади харидорӣ намудани доруворӣ хостааст аз ҷайби костюмаш маблағи пулӣ гирад, вале 1000 сомниро пайдо намекунад.

Ӯ духтари 12-солаи худро ба дуздии пул гунаҳкор карда, шадидан латукӯб мекунад. Кушишҳои ҳамсар ва фарзандони дигараш барои қатъи латукӯб натиҷа намедиҳад ва мард онҳоро низ зада, аз хона меронад.

Дар пайи латукӯби шадид, Мадинаи хурдсол ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.