Пас аз даргирӣ дар сарҳад. Вазири дифои Покистон ба Кобул омад

Пас аз даргирӣ дар гузаргоҳи Турхам миёни сарҳадбонони Покистону ҷангҷӯёни Толибон*, ки 20-уми феврал рух дод, як ҳайати Покистон, таҳти сарварии Хаваҷа Осиф, вазири дифои ин кишвар ба Кобул сафар кардааст. Дар ин бора Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ҷунбиши Толибон  дар Твиттер хабар дод. Ӯ навишт, ки вазири дифои Покистон бо Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини сарвазири […]

Пас аз даргирӣ дар гузаргоҳи Турхам миёни сарҳадбонони Покистону ҷангҷӯёни Толибон*, ки 20-уми феврал рух дод, як ҳайати Покистон, таҳти сарварии Хаваҷа Осиф, вазири дифои ин кишвар ба Кобул сафар кардааст. Дар ин бора Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ҷунбиши Толибон  дар Твиттер хабар дод.

Ӯ навишт, ки вазири дифои Покистон бо Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини сарвазири ҳукумати сарпарасти Толибон, Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати корҳои хориҷӣ ва Мулло Абдулҳақ Восиқ, раиси Хадамоти иктишофӣ мулоқот ва гуфтугӯ кардааст.

“Дар ин дидор масоили амниятӣ, аз ҷумла фаъолияти “ҷангиёни мухолифин” дар Афғонистон ва масъалаи гурезаҳои афғон баррасӣ шуд”, – навишт Забеҳулло Муҷоҳид.

Интерфакс аз қавли як мақоми Толибон менависад, ки “ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҷудо аз масоили сиёсӣ бошад. Иштироккунандагони суҳбат ба халли проблемаҳо бо роҳи гуфтушунид, инчунин ба инкишоф додан ва мустаҳкам намудани муносибатҳои сиёсию иктисодӣ таъкид намуданд”.

“Ҳафтаи гузашта вазири умури хориҷаи Покистон Билавола Бҳутто Зардорӣ дар конфронси амниятии Мюнхен суханронӣ карда, гуфт, ки агар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон таваҷҷӯҳ накунад, "ин метавонад на танҳо барои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, мисли Покистон, балки барои Ғарб низ таҳдиди мустақим бошад , зеро ҳукумати Афғонистон нерӯи доимии амниятӣ надорад”,-  навиш ин расона.

Ин суханони вазири покистонӣ боиси хашми Толибон шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар посух изҳор дошт, ки “Иморати исломии Афғонистон дар амал ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон собит кард, ки бо нерӯҳои ҳирфаӣ ва ботаҷрибаи амниятӣ ба касе иҷоза намедиҳад, ки қаламрави Афғонистонро алайҳи дигарон истифода барад".

Дар изҳороти ин ниҳод гуфта мешавад, ки “ноамнӣ дар Покистон нав нест, он аллакай дар ду даҳсолаи охир вуҷуд дошт”.

“Гузашта аз ин, мо ба Покистон маслиҳат медиҳем, ки масъалаҳои дуҷонибаро бо ҳукумати Афғонистон рӯ ба рӯ баррасӣ кунанд, на дар конфронсҳои байналмилалӣ шикоят кунанд”, – изҳор дошт вазорати корҳои хориҷии Афғонистон.

Гуфтан ба маврид аст, ҳукумати Толибон пас аз ишғоли қудрат дар Афғонистон дар тобистони соли 2021, аз ҷониби ҳеҷ як кишвари ҷаҳон расман эътироф нашудааст. Мансабдорони гуногунсатҳи Покистон дар оғоз аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоста буданд, ки бо Толибон ҳамкорӣ кунанд, аммо чунин ба назар мерасад, ки бо гузашти наздики 2 сол аз ҳукуматдории Толибон дар Афғонистон, онҳо низ мавқеи қавии мушаххас дар қиболи ин гуруҳро надоранд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.