Раҳбари Толибон аз “ҳукумат”-и худ интиқод кард

Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари гурӯҳи Толибон*, аз амалкарди “ҳукумат”-и зери роҳбарии худаш интиқод карда, онро “муомилагар” хондааст. Дар ин бора рӯзномаи “8-и субҳ” хабар медиҳад. “Мулло Ҳайбатуллоҳ дар як навори савтӣ, ки замони сабти он мушаххас нест ва рӯзи панҷшанбе, 2-юми март, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, аз навъи “ҳукумати Толибон” интиқод карда, афзудааст  “ин ҳукумат […]

Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари гурӯҳи Толибон*, аз амалкарди “ҳукумат”-и зери роҳбарии худаш интиқод карда, онро “муомилагар” хондааст. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” хабар медиҳад.

“Мулло Ҳайбатуллоҳ дар як навори савтӣ, ки замони сабти он мушаххас нест ва рӯзи панҷшанбе, 2-юми март, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, аз навъи “ҳукумати Толибон” интиқод карда, афзудааст  “ин ҳукумат нест, муомилагарӣ аст”, – навиштааст рӯзнома.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҳукумати муомилагар ба нафъи теъдоде аз афрод буда, дар он “муомила ҷараён дорад”.

Ҳайбатуллоҳ хитоб ба зердастони худ гуфтааст, “аз хоҳишҳои худ сарфи назар кунед ва ҳама хоҳишҳои худро тобеъи шариат кунед, ки бартариҷӯӣ ба ноамнӣ  оварда мерасонад”.

Мушаххас нест, ки мухотабони суханони роҳбари Толибон киҳо будаанд, аммо дар рӯзҳои ахир ихтилофот миёни сарони ин гурӯҳ беш аз пеш авҷ гирифтааст.

Қабл аз ин, Яъқуб Муҷоҳид, сарпарасти вазорати дифоъ ва Сироҷуддин Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати умури дохила низ дар суханрониҳои хеш бидуни зикри номи роҳбари худ, аз сиёсатҳои ҷории Толибон интиқод карда, гуфта буданд, ки “инҳисори қудрат ва таҳмили дидгоҳ ба суди Толибон нест” ва “бо чашмони баста аз касе итоат накунанд”.

Ба дунболи ин изҳоротҳо, Забеҳуллоҳ Муҷоҳиб, сухангӯи Толибон рӯзи панҷшнбе, 2-юми март, бо нашри хабарнома иттилоъ дод, ки Ҳайбатуллоҳ Охундзода бо вазирони дохила, дифоъ, хориҷа ва мухобироти толибон дидор кардааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон рӯзи панҷшнбе, 2-юми март, бо нашри хабарномае аз дидори Мулло Ҳайбатуллоҳ бо Яъқуб Муҷоҳид ва Сироҷуддин Ҳаққонӣ мулоқот ва гуфтугӯ кардааст.

Бояд гуфт, ки ин аввалин мулоқоти роҳбарони Толибон пас аз эҷоди ихтилоф ва танишҳои лафзӣ миёни онҳо мебошад. Аммо Забеҳулло Муҷоҳид дар хусуси муҳтавои суҳбати онҳо иттилои бештар надодааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.