Ҷудокорони тоҷик аз Тошканд бо 2 медал бармегарданд

Ҷудокори тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо – Tashkent Grand Slam-2023, ки рӯзҳои 3-5 март дар Тошканд баргузор шуд, ба дарёфти медали биринҷӣ ноил гардид. Рӯзи 4 март ба ҷуз Сомон Маҳмадбеков, намояндагони дигари Тоҷикистон дар вазнҳои 73 кг ва 81 кг байни мардон – Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-73 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) ва […]

Ҷудокори тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо – Tashkent Grand Slam-2023, ки рӯзҳои 3-5 март дар Тошканд баргузор шуд, ба дарёфти медали биринҷӣ ноил гардид.

Рӯзи 4 март ба ҷуз Сомон Маҳмадбеков, намояндагони дигари Тоҷикистон дар вазнҳои 73 кг ва 81 кг байни мардон – Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-73 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81 кг) низ рақобат карда, лекин танҳо ба ӯ муяссар шуд, ки медал ба даст орад.

Дар даври чаҳорякфиналӣ Сомон бар варзишгар аз Ӯзбекистон дастболо шуда, лекин дар даври нимфиналӣ аз ҷудокори Австрия шикаст хӯрд. Дар рақобат барои ҷойи сеюм Маҳмадбеков боз як намояндаи Австрияро мағлуб намуда, ба медали биринҷӣ соҳиб шуд, хабар медиҳад портали Karate.ru.

Ёдрас мекунем, ки қаблан боз як намояндаи Тоҷикистон Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни то 66 кг ба дарёфти медали тиллои ин мусобиқа ноил гардида буд.

Дар зарфи 3 рӯз варзишгарон аз 49 кишвар барои дарёфи 14 маҷмӯи медалҳо – 7-тогӣ байни мардон ва занон бо фонди ҷоизавии 154 азор евро рақобат карданд. Дорандагони медалҳои тилло бо 5 ҳазор евро, нуқра – 3 ҳазор евро ва биринҷӣ – 1,5 ҳазор еврогӣ қадрдонӣ мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.