Дар мусобиқаи байнулмилалии гӯштини Душанбе иштироки 100 варзишгари хориҷӣ дар назар аст

Дар мусобиқаи 4-уми байнулмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар Душанбе барои дарёфти “Ҷоми раиси шаҳри Душанбе” иштироки 100 нафар варзишгарон аз 24 кишвари ҷаҳон пешбинӣ мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ҷавонони шаҳрдории Душанбе. Мусобиқа рӯзи 19 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардида, Тоҷикистонро дар он 30 нафар гӯштингирон намояндагӣ мекунанд. Варзишгарон аз рӯи […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар мусобиқаи 4-уми байнулмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар Душанбе барои дарёфти “Ҷоми раиси шаҳри Душанбе” иштироки 100 нафар варзишгарон аз 24 кишвари ҷаҳон пешбинӣ мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ҷавонони шаҳрдории Душанбе.

Мусобиқа рӯзи 19 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардида, Тоҷикистонро дар он 30 нафар гӯштингирон намояндагӣ мекунанд.

Варзишгарон аз рӯи 5 вазн, аз ҷумла 65 кг, 71 кг, 78 кг, 86 кг ва +86 кг байни ҳам рақобат мекунанд.

Ғолибон бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор доллар, гирандагони зинаҳои дуюм – бо 7 ҳазор доллар ва сеюм – 3 ҳазор доллар қадрдонӣ мешаванд.

Ба Душанбе омадани варзишгарони хориҷӣ аз рӯзи 17 март оғоз мешавад.

Дар ин мусобиқа иштироки намояндагони давлатҳои Фаронса, Италия, Юнон, Руминия, Нигерия, Уммон, Кувейт, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Туркия, Эрон, Озарбойҷон, Арманистон, Булғористон, Русия, Беларус, Муғулистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо дар назар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.