Офати табиӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов: ҳаҷми зиёни расида ҳоло маълум нест

Хисороти сели ахир дар ноҳияи Ҷаббор Расулов то ҳол муайян карда нашудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд. “Комиссияи махсусе, ки барои муайян кардани хисороти расидаи офати табиӣ дар рӯзи 2 апрел таъсис дода шуд, ба кораш идома дода истодааст”, – гуфтанд дар Раёсат. Ба саволи рӯзноманигор дар бораи […]

Хисороти сели ахир дар ноҳияи Ҷаббор Расулов то ҳол муайян карда нашудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд.

“Комиссияи махсусе, ки барои муайян кардани хисороти расидаи офати табиӣ дар рӯзи 2 апрел таъсис дода шуд, ба кораш идома дода истодааст”, – гуфтанд дар Раёсат.

Ба саволи рӯзноманигор дар бораи аллакай маълум будани ҳаҷми зиён дар ин ноҳия тибқи баъзе маълумот, дар Раёсат гуфтанд: “Барои муайян кардани ҳамаи оқибатҳои офати табиӣ вақт лозим аст, ин корро дар зарфи 2-3 рӯз ба охир расонида намешавад”.

Сел ба 25 бинои истиқоматӣ дар се ҷамоати ноҳия осеб расонид. Якчанд оғилҳои чорво ва ду қабристон, заминҳои кишти ҷамоати Ғӯлакандоз ва Деҳмой низ зарар диданд.

“Хонаҳо дар натиҷаи болоравии сатҳи об дар дарёҳо зери об монданд. Чор хона қисман зарар дида, дар деворҳои баъзе хонаҳо тарқиш пайдо шуд ва бархе аз қисмати деворҳо афтиданд”, – гуфтанд дар Раёсати КҲФ-и вилоят.

Дар Раёсат зикр карданд, ки зиёни расида ба қабристонҳо аз ҷониби сокинони маҳаллӣ бартараф карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки бар асари боришоти шадиди чанд рӯз пеш дар вилояти Суғд роҳҳои мошингарду биноҳо ва заминҳои кишт осеб диданд.

КҲФ қаблан огоҳ карда буд, ки рӯзҳои 3-7 апрел бар асари боронҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби ВМКБ омадани селҳо аз эҳтимол дур нест.

Ҳамчунин дар ин рӯзҳо дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, сатҳи об боло меравад.

Кумита хотиррасон мекунад, кидар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳолати фавқулода бо телефонҳои 112; (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 хабар диҳед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.