Болоравии босуръати нархҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон. Сабабҳояш чист?

Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар моҳи марти соли равон 0,9%-ро ташкил дод, хабар медиҳад шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ). Ин ба сатҳи умумии таварруми моҳҳои пешин – 0,5% дар моҳи январ ва 0,4% – дар моҳи феврал баробар аст. Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, таварруми солона (аз моҳи марти соли 2022 то охири моҳи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар моҳи марти соли равон 0,9%-ро ташкил дод, хабар медиҳад шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ).

Ин ба сатҳи умумии таварруми моҳҳои пешин – 0,5% дар моҳи январ ва 0,4% – дар моҳи феврал баробар аст.

Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, таварруми солона (аз моҳи марти соли 2022 то охири моҳи марти соли 2023) 3,6%-ро ташкил додааст.

Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2023 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба мисли чанд соли ахир дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст.

Дар гузориши чанде пеши Бонки ҷаҳонӣ дар бораи дурнамои иқтисоди ҷаҳон гуфта мешавад, таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2023 “тадриҷан коҳиш ёфта, дар ҳудуди нишондиҳандаи ҳадафноки БМТ 4-8% боқӣ мемонад, ки ба он сиёсати шадиди пуливу қарзӣ мусоидат мекунад”.

Муаллифони гузориш интизорӣ доранд, ки вазъияти беруна пас аз авҷи соли 2022 муътадил мешавад.

“Коҳиши талабот дар ҷаҳон содироти фулузот (металлҳо)-и гаронбаҳо ва канданиҳои фоиданокро аз Тоҷикистон кам мекунад”, – тахмин мекунанд таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ.

Онҳо сатҳи таваррумро аз рӯи натиҷаҳои соли 2023 дар сатҳи 5,6 фоиз ва дар ду соли оянда – 6,5 фоизӣ пешгӯӣ мекунанд.

Коршиносони Бонки аврруосиёии рушд (БАОР) дар гузориши моҳи апрели худ таваррумро дар ҷумҳурӣ то охири соли тақрибан дар ҳамин сатҳ – 6,0 фоиз пешбинӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, иқтисодчиёни Бонки осиёии рушд соли ҷорӣ дар Тоҷикистон аз сатҳи таварруми нисбатан баландтар -7% интизорӣ доранд.

Дар гузориши “Шарҳи рушди Осиё” онҳо ин пешгӯии худро “эҳтимоли беқурбшавии асъори миллӣ дар таносуб бо поинравии қурби рубл, афзоиши минбаъдаи қарздиҳии истеъмолӣ, болоравии маоши хидматчиёни давлатӣ ва нафақаҳо” маънидод мекунанд.

Дар соли 2024 мутахассисони Бонки осиёии рушд аз сустшавии таваррум то 6,5% интизорӣ доранд, “чунки нархҳои ҷаҳонӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ муътадил хоҳанд буд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.