Оташзании ду масҷид дар Турсунзода аз ҷониби як нафар бемори руҳӣ

Дар шаҳри Турсунзода як нафар бемори рӯҳӣ ду масҷидро оташ задааст, хабар медиҳад Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Тоҷикистон. Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”, нашрияи тобеи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбуки худ менависад, ки ҳодисаи мазкур рӯзи 28-уми апрел, тахминан соати 8 дар масҷидҳои панҷвақтаи […]

Дар шаҳри Турсунзода як нафар бемори рӯҳӣ ду масҷидро оташ задааст, хабар медиҳад Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Тоҷикистон.

Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”, нашрияи тобеи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбуки худ менависад, ки ҳодисаи мазкур рӯзи 28-уми апрел, тахминан соати 8 дар масҷидҳои панҷвақтаи деҳаҳои Зиёраттут ва Сангқалъаи ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода рух додааст.

“Дар натиҷа сӯхтор бинои масҷиди панҷвақтаи деҳаи Зиёраттут ба пуррагӣ сӯхта, бинои масҷиди панҷвақтаи деҳаи Сангқалъа қисман зарар дид”, – менависад ин нашрия.

Зикр мегардад, ки ин ду масҷидро сокини шаҳри Турсунзода Дилшод Ботирови 32-сола, ки бемории руҳӣ доштааст, оташ задааст.

Давлат Ботиров, падари Дилшод Ботиров гуфтааст, ки писараш чанд моҳи охир бинобар хуруҷи бемории руҳӣ дар шароити хона нигаҳдорӣ ва назорат мешуд.

“Рӯзҳои охир шароити нигаҳдориашро нисбатан сабуктар намудем, ӯ бо истифода аз ин ҳолат аз хона фирор карда, масҷидҳоро оташ задааст”- гуфтааст падари Дилшод Ботиров.

Ба навиштаи манбаъ, айни ҳол Дилшод Ботиров дар беморхонаи касалиҳои рӯҳии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ нигаҳдориву табобат мешавад ва вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби мақомоти дахлдор тафтишот идома дорад.

Дар робита ба ҳодисаи мазкур, мақомоти корҳои дохилӣ шарҳе надодааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.