Блогер ё саҳмгузории як зани деҳотӣ дар солимии ҷомеа

Раъно Гулматоваи 43-сола зани маҳаллӣ, модари панҷ фарзанд тамоми ҳаёти худро ба солимии фарзандон ва тарбияи онҳо бахшидааст, то дар оянда ба ҳадафҳои самараноки худ бирасанд. Новобаста аз норасоии маблағҳои аз Русия фиристодаи шавҳараш, Раъно Гулматова кӯшиш мекунад то ба фарзандонаш зиндагии арзандаро фароҳам бисозад. Ҳамин тариқ, вай тасмим гирифт, ки бар хилофи меъёрҳои иҷтимоӣ, […]

Раъно Гулматоваи 43-сола зани маҳаллӣ, модари панҷ фарзанд тамоми ҳаёти худро ба солимии фарзандон ва тарбияи онҳо бахшидааст, то дар оянда ба ҳадафҳои самараноки худ бирасанд. Новобаста аз норасоии маблағҳои аз Русия фиристодаи шавҳараш, Раъно Гулматова кӯшиш мекунад то ба фарзандонаш зиндагии арзандаро фароҳам бисозад. Ҳамин тариқ, вай тасмим гирифт, ки бар хилофи меъёрҳои иҷтимоӣ, зиндагӣ ва некӯаҳволии худро беҳтар созад.

Раъно Гулматова, дар ноҳияи худ Ҷалолиддини Балхӣ, деҳаи Навобод ҳамчун таблиғгари саломатии ҷомеа ҷалб шуда, дониши худро аз лоиҳаи USAID"Модари солим, кӯдаки солим" оид ба камхунӣ, синамаконӣ ва синамаконии холис, ғизодиҳии иловагӣ, санитария ва гигиена, огоҳии рафтори иҷтимоӣ, ташвиқ, роҳнамоӣ ва дастгириро омӯхтааст. Раъно Гулматова омӯзиши ин мавзӯъҳоро хеле ҷиддӣ қабул кард чун барои ҷомеа ва оилааш муҳим ва бамаврид буд.

«Ҳамчун фарди ҷомеа вазифадорам муайян ва дарёфти мушкилоти саломатӣ ва роҳи ҳалли онро дарёбам», – мегӯяд Раъно Гулматова. Одатан занони тоҷик зиёд ба саломатии худ тавваҷӯҳ зоҳир намекунанд. Масалан, занон наметавонанд саривақт ташрифҳои давраи ҳомиладориро аз қайд гузаронанд, чун бояд ҳамеша аз шавҳарон иҷоза бигиранд, баъзеҳо ҳатто баъди таввалуд навзодонро ба ташрифи духтур барои муолиҷаи маъмулӣ намебаранд.

Пас аз муҳокима ва ҳамоишҳои пай дар пай бо ҷомеа, Раъно Гулматова бо норасоӣ ва камбуди деҳааш рӯ ба рӯ шуд. Камбуди асосии саломатии деҳаи худро дар набудани бунгоҳи саломатӣ мутаваҷеҳ шуд ва зуд дарк намуд, ки дар деҳа будани бунгоҳи саломатӣ  барои беҳбуди саломатии модару кӯдак ва коҳиш додани хароҷоти шавҳарон ва оилаҳои калони онҳо муҳим аст.

Раъно Гулматова ба ҷуз аз суҳбату гуфтугӯҳои мустақим ва вохӯриҳо бо занон ва хешовандони онҳо, ҳамчунин бо шавҳарон ва парастороне, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, тавассути гурӯҳи WhatsApp мулоқот мекард. Вай ҳадди аққал 60% аҳолии мардро аз минтақаи худ ҳам дар дохили ҷамоатҳо ва ҳам берун аз ҷамоатҳо фаро гирифтааст, то дар бораи саломатии модару кӯдак, ғизо ва некӯаҳволӣ огоҳии худро паҳн намояд ва онҳоро бовар кунонад, ки ба саломатӣ афзалият диҳанд ва инчунин дар маблағгузорӣ барои бунёди маркази саломатӣ дар деҳа саҳмгузор бошанд.

Бовар накарданист, аммо пас аз шаш моҳ дар деҳаи Раъно Гулматова бунгоҳи саломатии нав кори худро шурӯъ кард, беҳбуди саломатӣ ва беҳдошти ҷамоат ба мардуми маҳалла дастрас шуд.  

«Дар аввал осон набуд. Гоҳе одамон аз дастгирӣ кардани сохтмон даст кашиданд. Бо вуҷуди ин, ман пайваста занг зада, бо наворбардорӣ аз ҷараёни сохтмон, куҷо сарф шудани маблағ, ба утоқҳои сӯҳбатҳои видеоии пиронсолон ва мақомоти асосии маҳаллии деҳа даъват намуда, барои саҳмашон миннатдорӣ баён намуда, ташвиқ мекардам».

Раъно Гулматова бо ҷалби занону модарон беш аз 115 занги видеоӣ ташкил намуда, онҳоро барои идомаи дастгирии сохтмони маркази тиббӣ ҳавасманд кард. Ҳоло ӯ дар деҳааш хеле маъруф шудааст ва миёни мардум ӯро "блогер" меноманд.

"Ман аз муваффақиятҳои хурди худ барои ҷомеа ва насли нави солим хеле ифтихор мекунам ва рӯҳбаландам!" 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.