Тағйироти кадрӣ. 5 додрас аз вазифа озод гардиданд

Имрӯз, 30-юми июн, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо фармони худ панҷ додраси тоҷикро бо сабабҳои расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан ва ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод кард. Ҳамин тавр, Гиёзода Мирзоисмон Қурбон аз вазифаи раиси суди шаҳри Душанбе, Абдуллозода Музафар Ҷафар аз вазифаи раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва […]

Asia-Plus

Имрӯз, 30-юми июн, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо фармони худ панҷ додраси тоҷикро бо сабабҳои расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан ва ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод кард.

Ҳамин тавр, Гиёзода Мирзоисмон Қурбон аз вазифаи раиси суди шаҳри Душанбе, Абдуллозода Музафар Ҷафар аз вазифаи раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Ашурмамедова Маърифат Гулбековна аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шуданд.

Оқилзода Бахтиёр Даврон бошад аз вазифаи раиси суди вилояти Суғд ва Ҷурахонзода Масрур Ҷурахон аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Ҳисор бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуданд.

Дар хусуси кори дигари Бахтиёр Оқилзода ва Масрур Ҷурахонзода маълумот дода намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.