Ӯзбекистониҳои Суғд президенти худро интихоб карданд

Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар вилояти Суғди Тоҷикистон ба таври доимӣ ё муваққат иқомат доранд, ба номзадии президенти худ овоз доданд. Барои онҳо 4-уми июл дар “Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон” – вилоят ҳавзаи интихоботӣ ташкил намуданд, то шаҳрвандони ин кишвар тавонанд пеш аз мӯҳлат ба номзади худ овоз диҳанд. Дар Ӯзбекистон 9-уми июли соли ҷорӣ […]

Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар вилояти Суғди Тоҷикистон ба таври доимӣ ё муваққат иқомат доранд, ба номзадии президенти худ овоз доданд. Барои онҳо 4-уми июл дар “Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон” – вилоят ҳавзаи интихоботӣ ташкил намуданд, то шаҳрвандони ин кишвар тавонанд пеш аз мӯҳлат ба номзади худ овоз диҳанд.

Дар Ӯзбекистон 9-уми июли соли ҷорӣ интихоботи президентӣ баргузор мегардад.

Сардорхон Султонхонов, як шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунад, пас аз овоздиҳӣ гуфт, ташкили ҳавзаи интихоботӣ дар ин марказ, гувоҳи равобити хуби роҳбарони сиёсии ду кишвар аст.

“Шароити хуб фароҳам шудааст. Ҳам барои фаъолият ва ҳам барои овоздиҳӣ. Ин натиҷаи муносибати хуби роҳбарияти сиёсии ду кишвар мебошад. Мо аз ин ҳама хурсандем ва барои ояндаи зебо инҷо омадем ва овози худро ба президенти интихобкардаамон додем”, – мегӯяд Султонхонов.

Саодат Абдуллаева ҳам шаҳрвандони Ӯзбекистон аст, ки аз ноҳияи Зафаробод ба ин марказ омада, ба номзадии президенти мавриди назараш овоз дод. Ӯ мегӯяд, солҳои пеш барои иштирок дар интихоботи президентии Ӯзбекистон маҷбур мешуд ба сафорати ин кишвар дар Душанбе ё худи Ӯзбекистон равад.

“Ташкили ҳавзаи интихоботӣ дар ин марказ хуб шуд. Барои мо наздик аст ва метавонем бе сарфаи вақти зиёд президенти худро интихоб кунем”, – гуфт Саодат Абдуллоева.

Дар ин баробар, Саодат Абдуллоева аз мушкили деринаи худ шикоят мекунад. Ӯ мегӯяд, 25 сол шуд дар ноҳияи Зафаробод зиндагӣ дорад, аммо наметавонад шаҳрвандии Тоҷикистонро гирад.

“Шавҳарам, фарзандон, набераҳо ҳама шаҳрванди Тоҷикистон, вале дар оила як ман шаҳрванди Ӯзбекистон. Мо борҳо барои гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон муроҷиат кардем. Вале то ҳол гирифта натавонистем. Ба фикрам бисту панҷ сол муҳлати кам не, моро ба шаҳрвандии Тоҷикистон қабул кунанд хуб мешуд”, – мегӯяд Абдуллоева.

Шаҳрвандони Ӯзбекистон фаъол шудаанд

Озод Ҳошимзода, муовини  раиси ташкилоти ҷамъиятии “Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон”- вилояти Суғд, ки масъули ташкили ҳавзаи интихоботӣ дар вилояти Суғд аст, мегӯяд, пас аз ба гармӣ гароидани равобити ду кишвар шаҳрвандони Ӯзбекистони муқими Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ фаъолона иштирок мекунад.

Ба андешаи ӯ, солҳои охир эҳсос мешавад, ки шаҳрвандони бурунмарзии Ӯзбекистон ба сиёсати кишвари худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд ва барои онҳо муҳим аст, ки давлатро кӣ роҳбарӣ мекунад.

“Яъне барои онҳое, ки масалан, дар Тоҷикистон истиқомати муваққат ё доимӣ доранд, бисёр муҳим аст, ки равобити ду кишвар хуб бошад ва рафту омади шаҳрвандон осон гардад. Барои ин дар сари қудрат нафаре бошад, ки тавонад ин хостаҳоро бароварда кунад. Аз ин лиҳоз, таваҷҷуҳи шаҳрвандони бурунмарзии Ӯзбекистон, аз ҷумла онҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба интихоботи президентӣ зиёд аст ва онҳо фаъолона дар овоздиҳӣ иштирок мекунанд”, – мегӯяд Озод Ҳошимзода.

Бояд гуфт, ки Ӯзбекистон дар замони роҳбарии президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов бо аксари кишварҳои минтақа равобити тира дошт. Ин рафту омади шаҳрвандони ин кишварро ба давлатҳои ҳамсоя, ки хешу табори зиёдашон зиндагӣ мекунанд, душвор мекард. Бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 робитаи Ӯзбекистон бо кишварҳои ҳамсоя ба маротиб беҳтар гашт ва ҳамин тавр, равуои шаҳрвандон ба кишварҳои ҳамсоя низ осон шуд.

Ёдовар мешавем, ки 9-уми июли соли 2023 дар Ӯзбекистон интихоботи навбатии президентӣ баргузор мешавад. Интихоботи мазкур дар пайи баргузории раъйпурсӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба сарқонуни ин кишвар дар 30-юми апрели соли ҷорӣ ва баъдан, даст кашидани президенти кунунӣ Шавкат Мирзиёев аз идомаи муҳлати президентиаш эълон карда шуд. Шавкат Мирзиёев соли 2021 барои 5 сол президенти Ӯзбекистон интихоб шуда буд.

Ҳамин тавр, Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон барои иштирок дар интихоботи президентӣ номзадии 4 нафарро сабт кардааст:

Шавкат Мирзиёев аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон;

Абдушукур Ҳамзаев аз Ҳизби экологӣ;

Улуғбек Иноятов аз Ҳизби халқии демократӣ;

Робахон Маҳмудова аз Ҳизби сотсиал-демократии “Адолат”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.