Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ: “Ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ зери назорати қатъӣ аст”

Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе вобаста ба хабари ҳабси Ҷамолиддин Расулов, роҳбари ширкати “Ҷамол 2012”, ки се рӯз пеш дар сомонаи расмии Додситонии кулли кишвар интишор шуд, тавзеҳ дод. Дар тавзеҳоти ирсолкардаи сафорат таъкид мегардад, ки гарчанде ҳукми содиршуда нисбати шаҳрванди Тоҷикистон мустақилии мақомоти судии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии давлатиро инъикос менамояд, бо вуҷуди он […]

Asia-Plus

Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе вобаста ба хабари ҳабси Ҷамолиддин Расулов, роҳбари ширкати “Ҷамол 2012”, ки се рӯз пеш дар сомонаи расмии Додситонии кулли кишвар интишор шуд, тавзеҳ дод.

Дар тавзеҳоти ирсолкардаи сафорат таъкид мегардад, ки гарчанде ҳукми содиршуда нисбати шаҳрванди Тоҷикистон мустақилии мақомоти судии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии давлатиро инъикос менамояд, бо вуҷуди он дар иттилоия номи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба гунае ёдовар гардидаст, ки ифодагари ҳақиқати ҳол, навовариҳои соҳаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандону муқимони хориҷӣ, ҳимояту парастории онҳо дар Шоҳигарӣ намебошад.

“Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар қаламрави Шоҳигарӣ 13,4 млн хориҷии муқим кору фаъолият намуда, муҳоҷирони меҳнатӣ аз тамоми ҳуқуқҳо ва парасторӣ бархурдор мебошанд, ки он Шоҳигариро яке аз давлатҳои ҷолиби ҷаҳон барои муҳоҷирати меҳнатӣ дар тамоми тахассусҳо шинохта карда, Ҳукумати Арабистони Саудӣ ҷиҳати кафолати ҳуқуқи онҳо ба Кодекси меҳнатӣ тағйироту иловаҳо ворид кардааст”, – зикр кардааст сафорат.

Сафорат қайд мекунад, ки ширкатҳои дахлдор дар Шоҳигарӣ ба ҷалби муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо тибқи иҷозатномаи расмӣ фаъолият карда, бо бисёре аз кишварҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамкорӣ мекунанд ва ин фаъолият ҷиҳати таъмини шаффофияти қарордодҳои корӣ, татбиқи Кодекси меҳнатии Арабистони Саудӣ ва кафолати тамоми ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ зери назорати қатъӣ қарор гирифта шудааст.

“Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз он ифтихор мекунад, ки ба шаҳодати ҷомеаи байналмилал ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ меъёрҳои умумиҷаҳонӣ, ки сифати зиндагӣ дар Шоҳигариро инъикос мекунанд, мавриди татбиқ қарор дода, ҳамчунин ба кодекси меҳнатӣ арҷ мегузорад, ки он ба афзоиши теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ ба Шоҳигарӣ, ки моҳона ба кишварҳояшон 3 млрд долл. ИМА ва солона 36 млрд долл. ИМА-ро интиқол медиҳанд, нақши назаррас мебозад”, – менависад сафорат.

Ёдовар мешавем, ки 4-уми июл Додситонии кулли кишвар ҳукми ҳабси Ҷамолиддин Расулов, роҳбари шикати “Ҷамол – 2012” шарҳ дод. Зикр гардид, ки Ҷамолиддин Расулов аз сӯйи Додгоҳи Олӣ барои савдои одамон гунаҳкор дониста шуда, ба 12 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум карда шуд.

Зикр гардид, ки Ҷамолиддин Расулов дар як вақт директори генералии  ҶДММ “Ҷамол-2012”ва муассиси ҷамъиятҳои “Ҷамил Бухорӣ” ва “Мадади шарқ” кор карда, барои савдои одамон, ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда бо моддаҳои 1301 қисми 2 бандҳои “а,б,в,г,е,ё”, 32 қисми 3-1301 қисми 2 бандҳои “а,б,в,е,ё”, 340 қисми 2 бандҳои “б,в“ ва 3352 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ ба айбдор дониста шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.