Ошӯби Пригожинро ҷангиёни “Давлати исломӣ” интизор буданд?

Агар табаддулоти рӯзи 24 июн дар Маскав муваффақ мешуд, пас ҷангиёни “Давлати исломӣ”* (ДОИШ), ки имрӯз дар Афғонистони Шимолӣ қарор доранд, ба Тоҷикистон ҳамла мекарданд. Дар ин бора шоми 27 июн ба коршиноси маъруф оид ба масоили Афғонистон Андрей Серенко як манбаи шинос бо вазъ дар филиали ДОИШ (ном бурда нашудааст) дар Афғонистон хабар додааст. […]

Агар табаддулоти рӯзи 24 июн дар Маскав муваффақ мешуд, пас ҷангиёни “Давлати исломӣ”* (ДОИШ), ки имрӯз дар Афғонистони Шимолӣ қарор доранд, ба Тоҷикистон ҳамла мекарданд.

Дар ин бора шоми 27 июн ба коршиноси маъруф оид ба масоили Афғонистон Андрей Серенко як манбаи шинос бо вазъ дар филиали ДОИШ (ном бурда нашудааст) дар Афғонистон хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 24 июн дар Давҳа гӯиё мулоқоти таъҷилии яке аз масъулони дафтари “Толибон”* дар Қатар бо намояндагони хадамоти махсуси Қатар, ки бо фармондеҳони гурӯҳҳои ҷангии ДОИШ дар Афғонистон иртибот доранд, баргузор шудааст.

"Дар мулоқот вазъ дар Русия, ҳодисаҳои марбут ба ошӯби Пригожин ва балвои фармондеҳони ШХҲ-и “Вагнер” баррасӣ шуданд", – нашр кардааст суханони манбаъро Серенко дар канали Telegram-и худ.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар натиҷаи ин мулоқот тасмим гирифта шудааст, ки “агар рушди вазъ дар Маскав аз зери назорат барояд, ба ҳамлаи босуръати ҷангиёни ДОИШ ва ҳамчунин муҷоҳидони тоҷик, аз ҷумла толибон ба Тоҷикистон халал расонида нашавад".

“Иштирокчиёни вохӯрӣ ба хулосае расидаанд, ки хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-ум ба вуруди муҷоҳидон аз Афғонистон муқовимати ҷиддӣ нишон дода наметавонанд”, – гуфтааст манбаи сиёсатшинос.

“Азия-Плюс” аз коршиносон пурсид, ки то кадом андоза ин маълумот ҳақиқат дорад?

Амири Замон, сиёсатшинос:

«Бетартибиҳо дар Русия, бешубҳа ба фаъол шудани ҷараёнҳои гуногун, аз ҷумла тундгаро дар самти ҷануби Русия оварда мерасонад. Дар Тоҷикистон ин кайҳо маълум аст ва аз ин рӯ, ба Чин такя мекунанд.

Душанбе бо Пекин ҳамкориҳои стратегӣ дорад, машқҳои низомӣ баргузор гардида, кумак расонида мешавад ва чиниҳо зид нестанд, ки дар хориҷ аз кишвар, аз ҷумла дар Тоҷикистон таҷриба андӯзанд».

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос:

“Ман бар ин назарам, ки маълумоти Серенко қобили таваҷҷуҳи ҷиддӣ аст. То ба имрӯз Толибон ягон ваъдаеро, ки қабл аз ба қудрат расидан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои кафил дода буданд, иҷро накардаанд. Аз ин рӯ, ба эътимод доштан ба ваъдаҳои онҳо, ки аз ғасб (экспансия) даст кашидаву дар оянда сарҳади давлатҳои ҳамсояро вайрон карданӣ нестанд, асос нест.

Гуруҳҳои байнулмилалии ҷиҳодӣ, ки ҳадафи таъсиси Хилофати исломӣ дар Осиёи Марказиро ошкоро эълон карданд, имрӯз ҳам таҳти сарпарастии ҳукумати Толибон қарор доранд.

Аз ин рӯ, вуҷуд доштани созишномаҳои махфӣ миёни Толибон ва раҳбарони ин гурӯҳҳо дар бораи чӣ гуна ва кай оғоз кардани ғасби қаламрави кишварҳои ҳамсоя комилан имконпазир аст.

Ҳоло чунин ғасб ба Толибон ҳанӯз нафъе надорад, аз ин рӯ онҳо ба ҳампаймонҳои худ анҷоми амалиёти низомиро дар сарҳад манъ кардаанд. Аммо дар сурати тағйири вазъи геополитикии минтақа, стратегия ва равишҳои Толибон ва шарикон онҳо низ метавонад дигаргун шавад”.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – Афғонистон бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.