Дар Истаравшан ҷавоне дӯстдоштаашро 3 корд зада, ба ҳалокат расонид

Дар шаҳри Истаравшан ҷавоне барои “мулоқоти ошиқона” ба хонаи зани 27-солаи сокини ин шаҳр рафт, бо огоҳ шудани модари духтар дӯстдоштаашро 3 корд зада, модари духтарро маҷрӯҳ кардааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ин ҷавон, ки пеш бо моддаи 244 (дуздӣ) Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст, акнун […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар шаҳри Истаравшан ҷавоне барои “мулоқоти ошиқона” ба хонаи зани 27-солаи сокини ин шаҳр рафт, бо огоҳ шудани модари духтар дӯстдоштаашро 3 корд зада, модари духтарро маҷрӯҳ кардааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин ҷавон, ки пеш бо моддаи 244 (дуздӣ) Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст, акнун бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ боз дастгир гардидааст.

“Номбурда рӯзи 4-уми июл, тахминан соати 23:00 барои анҷом додани муносибатҳои ошиқонааш ба хонаи истиқоматии дӯстдоштааш, зани 27-солаи сокини шаҳри мазкур меояд. Аз ин ҳолат модари охирон, зани 47-сола огоҳӣ ёфта, аз дохили ҳуҷраи зисташ корди хоҷагиро гирифта, бо мақсади аз хонаи истиқоматиаш гумонбаршавандаро рондан таҳдид намудааст”, – хабар медиҳад ВКД.

Ин ниҳод меафзояд, “дар натиҷа баҳсу муноқиша сар зада, гумонбаршаванда кордро аз дасти ҷабрдида гирифта, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтан зани 27-соларо 3 маротиба ва модарашро 1 маротиба корд задааст”.

Ба иттилои манбаъ, духтар аз ҷароҳати ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расида ва модараш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳоло дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Ҳоло нисбати гумонбаршаванда бо иттиҳоми “одамкушӣ” (моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ) парвандаи ҷиноятӣ бо оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.