Муовини раиси “Ориёнбонк”-ро куштанд? Дар наворе Рустам Ашӯров ба одамрабоӣ ва куштор иқрор мешавад

Дар шабака навори видеои гуфтугӯи Рустам Ашӯрови дар Молдова ҳалокшуда бо модараш нашр шуд, ки дар он ӯ ба рабудан ва куштани одам иқрор мешавад. Parviz.TV дар шабакаҳои худ ду навори видео нашр кард. Аз навори видео бармеояд, ки Рустам Ашӯров ҳангоми кӯшиши боздошт шуданаш дар фурудгоҳи Кишинёв ба модараш занг задааст. Ӯ мегӯяд, ки […]

Asia-Plus

Дар шабака навори видеои гуфтугӯи Рустам Ашӯрови дар Молдова ҳалокшуда бо модараш нашр шуд, ки дар он ӯ ба рабудан ва куштани одам иқрор мешавад.

Parviz.TV дар шабакаҳои худ ду навори видео нашр кард.

Аз навори видео бармеояд, ки Рустам Ашӯров ҳангоми кӯшиши боздошт шуданаш дар фурудгоҳи Кишинёв ба модараш занг задааст. Ӯ мегӯяд, ки дар рабудан ва куштори як нафар ҳамроҳ бо шахсе бо номи Дилшод иштирок кардааст.

“Дилшод ба ман гуфт, ки як нафар 100-200 млн доллар биткоин дорад, биё ӯро медорему онҳоро мегирем”, – мегӯяд Рустам Ашӯров.

Ба саволи модараш “Кадом Дилошд?”, Ашӯров ҷавоб медиҳад: “Дилшоди СБ”.

Ба гуфтаи ӯ, баъди боздошт (рабудан)-и он шахс, Дилшод ӯро хеле зиёд лату кӯб карда, дар натиҷа ӯ ҳалок шудааст.

– Ту чӣ кор кардӣ?

– Ман бо онҳо будам

– Ту бо ӯ чӣ кардӣ?

– Ҳеҷ кор. Ман танҳо ӯро бурда ба дарё партофтам.

– Ба кадом дарё?

– Ба дарёи Варзоб

Ба оҳу нолаи модараш мард мегӯяд:

– Ҳеҷ гап нест модарчон. Дар он дунё вомехӯрем, Худо нигаҳбонатон, ман Шуморо дӯст медорам.

Пас аз ин гуфтугӯ қатъ мешавад.

Навори видеои дуюм аз он оғоз мегардад, ки Рустам Ашӯров ба куштори ду нафар иқрор мешавад.

– Ту чӣ кор кардӣ, – мепурсад гириякунон модараш

– Ман ду нафарро куштам, – мегӯяд ӯ ва ҷасади ду марди рӯйи фарш хобидаро нишон медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, дар муоиса бо навори якум дар дуюмаш ӯ дар ҳаяҷон буда, гиря мекунад.

– Фарзандонамро эҳтиёт кун

– Чаро ту ин тавр кардӣ писарҷон?

Дар ҳамин ҳол, зан мепурсад, ки Дилшод ба ӯ чӣ гуфтааст ва ӯ посух медиҳад, ки “Дилшодро ҳам зинда намегиранд. Ӯ ҳам худашро мекушад”.

Ашӯров ҳамчунин мегӯяд, ки ин корро барои пул кардааст.

Зан ба ӯ пешниҳод мекунад, ки ба мақомоти пуис таслим шавад ва ӯ чунин ҷавоб медиҳад: “Ман ин ҷо дар минтақаи гумрукӣ онҳоро интизорам”…

“Азия-Плюс” намедонад (санҷида наметавонад), ки ин наворҳои видео ҳақиқӣ ҳастанд ё не.

Ёдрас мекунем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон Рустам Ашӯровро яке аз иштирокчиёни рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев номиданд. Ӯ 24 июн бедарак шуда, то ҳол дар борааш дигар чизе маълум нест.

Баъдан Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои худ хабар дод, ки дар рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” Дилшод Саидмуродов, маъруф бо “Дилшоди СБ” низ даст дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...