Сироҷиддин Муҳриддин ба Туркманистон меравад

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов рӯзҳои 15 – 16 июли соли 2023 ба ин кишвар сафар мекунад. Дар ин бораи хадамоти матбуоти ВКХ иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар Ишқобод Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ва ҳамтои турманаш Рашид […]

Asia-Plus

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов рӯзҳои 15 – 16 июли соли 2023 ба ин кишвар сафар мекунад.

Дар ин бораи хадамоти матбуоти ВКХ иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар Ишқобод Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ва ҳамтои турманаш Рашид Мередов мулоқот менамояд.

“Дар доираи сафар муҳокимаи масъалаҳои татбиқи созишномаҳое, ки моҳи майи соли 2023 дар натиҷаи сафари давлатии Роҳбари Туркманистон ба Тоҷикистон ба даст расидаанд, ба нақша гирифта шудааст”, – иттилоъ медиҳад манбаъд.

Ёдовар мешавем, ки Сардор Бердимуҳаммадов, Президенти Туркманистон моҳи майи соли ҷорӣ аввалин маротиба ба Тоҷикистон Сафар кард ва бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ дидору мулоқот намуд. Дар ҷараёни ин сафар як қатор шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.