Ӯзбекистон, Покистон ва Афғонистон роҳи оҳани “Фароафғонӣ” месозанд

Намояндагони Ӯзбекистон, Покистон ва Афғонистон барои иҷрои тарҳи сохтмони роҳи оҳани “Фароафғонӣ” дар шаҳри Тошканд сари мизи гуфтушунид нишастаанд. Хабаргузории Осиёи Марказӣ бо такя ба ширкати “Ӯзбекистон темир йӯллари" иттилоъ додааст, ки дирӯз марҳилаи ниҳоии гуфтугӯи ин се кишвар барои иҷрои тарҳи сохтмони роҳи оҳани “Фароафғонӣ” дар шаҳри Тошканд оғоз шуд. “Ҷонибҳо механизми ҷалби сармоя, […]

Asia-Plus

Намояндагони Ӯзбекистон, Покистон ва Афғонистон барои иҷрои тарҳи сохтмони роҳи оҳани “Фароафғонӣ” дар шаҳри Тошканд сари мизи гуфтушунид нишастаанд.

Хабаргузории Осиёи Марказӣ бо такя ба ширкати “Ӯзбекистон темир йӯллари" иттилоъ додааст, ки дирӯз марҳилаи ниҳоии гуфтугӯи ин се кишвар барои иҷрои тарҳи сохтмони роҳи оҳани “Фароафғонӣ” дар шаҳри Тошканд оғоз шуд.

“Ҷонибҳо механизми ҷалби сармоя, сохтмон, ҷузъиёти техникӣ ва муҳлати иҷрои тарҳро баррасӣ мекунанд”, – менависад манбаъ.

Сохтмони роҳи оҳани “Фароафғонӣ” қарор буд, моҳи сентябри соли 2021 оғоз шавад. Вале он ба далели сари қудрат омадани гурӯҳи Толибон* дар моҳи августи он сол ба таъхир афтод.

Арзиши тахминии бунёди роҳи оҳани “Мазори Шариф – Кобул – Пешовар” 5 миллиард доллар гуфта мешуд. Аммо котиби роҳи оҳани Покистон Зафар Ранҷа дар моҳи декабри соли 2022 гуфт, арзиши нави тахминии лоиҳа 8,2 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки роҳи оҳани “Фароафғонӣ” тахминан 600 километр дарозӣ дорад ва роҳи Ӯзбекистону кишварҳои минтақаро ба бандарҳои Покистон боз мекунад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – Афғонистон бихонед

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.