Тими футболи Кореяи Шимолӣ аз иштирок дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 даст кашид

Тими олимпии Кореяи Шимолӣ ё Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея (U-23) аз ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи “I”, ки аз 6 то 12-уми сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, даст кашидааст. Дар ин бораи Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад. Ба навиштаи ин ниҳод, дар пайи ин тасмими Кореяи Шимолӣ Конфедератсияи футболи Осиё ҷадвали бозиҳоро дар […]

Asia-Plus

Тими олимпии Кореяи Шимолӣ ё Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея (U-23) аз ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи “I”, ки аз 6 то 12-уми сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, даст кашидааст. Дар ин бораи Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин ниҳод, дар пайи ин тасмими Кореяи Шимолӣ Конфедератсияи футболи Осиё ҷадвали бозиҳоро дар гурӯҳи “I”, ки дар он се даста – Австралия, Тоҷикистон ва Лаос бозӣ мекунанд, тағйир додааст.

Бозиҳои интихобӣ аз 6 то 12-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир мешаванд.

Марҳилаи интихобӣ дар Душанбе 6-уми сентябр бо бозии дастаҳои олимпии Лаос ва Австралия оғоз мегардад. Дар даври дуюм 9 сентябр тими олимпии Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Лаос бозӣ мекунад. Ва дар даври ниҳоӣ 12 сентябр тимҳои Тоҷикистон ва Австралия бо ҳам вомехӯранд.

Бар асоси натоиҷи даври интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарини  ҷойи дуюм ба қисми финалии Ҷоми Осиё-2024 (U-23), ки аз 15 апрел то 3 майи соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23)

Гурӯҳи «I»

Даври 1

6 сентябр (чоршанбе)

Оғоз – соати 20:30

Лаос – Австралия

Даври 2

9 сентябр (шанбе)

Оғоз – соати 20:30

ТОҶИКИСТОН – Лаос

Даври 3

12 сентябр (сешанбе)

Оғоз – соати 20:30

Австралия – ТОҶИКИСТОН

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.