Барқияи изҳори тасаллии Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳодисаи фоҷеабор дар Доғистон ба президенти Русия барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат. “Хабари ба ҳалокат расидани одамони зиёд бар асари таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар шаҳри Махачқалъаи Ҷумҳурии Доғистон боиси андӯҳи амиқи мо гашт”, – омадааст дар барқияи сарвари давлати […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳодисаи фоҷеабор дар Доғистон ба президенти Русия барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

“Хабари ба ҳалокат расидани одамони зиёд бар асари таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар шаҳри Махачқалъаи Ҷумҳурии Доғистон боиси андӯҳи амиқи мо гашт”, – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Дар барқия аз Владимир Путин расонидани таъзияву таслияти самимии ин ҷониб ба пайвандону наздикони фавтидагон ва орзуи шифои оҷил ба ҳамаи осебидидагон дархост мешавад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти ахир, бар асари таркиш ва сӯхтори шоми рӯзи 14 август дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Махачқалъа 35 нафар ҳалок шуданд, ки байнашон 3 кӯдак ҳам ҳастанд. Теъдоди осебдидагон бар асари ин ҳодиса то 100 нафар арзёбӣ мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, майдони сӯхтор 600 метри мураббаъро ташкил дода, сӯхтор баъди 4 соат хомӯш карда шудааст.

Гуфта мешавад, мавҷи таркиш дар 50 метри гирду атроф алангаи оташро паҳн карда, он одамони ба ҷойи ҳодиса омадаро пахш кардааст. Рӯзи 15 август дар Доғистон рӯзи мотам эълон шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.