Созиши Душанбе ва Пекин дар бораи бунёди корхонаҳои карбамид ва электромобил дар Тоҷикистон

Дар доираи сафари расмии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Чин рӯзи 22 август маросими имзои санадҳои ҳамкории бахши хусусии Чин ва Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре ки дафтари матбуоти Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, маблағи умумии асноди имзошуда зиёда аз 400 млн долларро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, байни ҶСК «Азот»-и […]

Дар доираи сафари расмии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Чин рӯзи 22 август маросими имзои санадҳои ҳамкории бахши хусусии Чин ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре ки дафтари матбуоти Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, маблағи умумии асноди имзошуда зиёда аз 400 млн долларро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, байни ҶСК «Азот»-и Тоҷикистон ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп»-и Чин оид ба навсозӣ ва то 180 ҳазор тонна дар як сол расонидани истеҳсоли карбамид дар корхонаи «Азот» ба маблағи 50 млн доллар Созишномаи қолабӣ ба имзо расид.

Ҳамчунин ҶДММ «Осиё Кемикал»-и Тоҷикистон ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп»-и Чин дар бораи сохтмони корхонаи нав оид ба истеҳсоли карбамид дар Тоҷикистон ба маблағи 300 млн доллар бо иқтидори 300 ҳазор тонна дар як сол Созишномаи қолабӣ имзо карданд.

Маблағи Ёддошти тафоҳуми имзошуда байни ҶДММ «Авесто Гуруҳ»-и Тоҷикистон ва ширкати «Джинчуен»-и Чин оид ба ташкил, бунёд ва идоракунии корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли электромобилҳо дар Тоҷикистон бо иқтидори истеҳсоли 1500 автомашина дар як сол 25 млн долларро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, байни ҶДММ «Мармарӣ»-и Тоҷикистон ва ширкати «Таҷонг Интерпрайс Менеҷмент Консалтинг Co. Ltd.»-и Чин ба маблағи 26 млн доллар дар бораи таъсис додани корхонаи муштарак оид ба сохтмон ва истифодабарии маркази логистикӣ дар ҳудуди Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.