Чаро нархи меваҳо дар бозорҳои Тоҷикистон боло меравад?

Дар Тоҷикистон меваҳое, ки дар худи кишвар парвариш меёбанд, хеле қимат шуданд – аз оғози сол нархи ангуру шафтолу, анҷир ва олу беш аз ду баробар боло рафт. Ҳосили ангуру анҷир хеле кам шудааст Имрӯз дар бозорҳои Душанбе 1 кило ангури тару тоза бо нархи аз 20 то 50 сомонӣ, анҷир – аз 30 то […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон меваҳое, ки дар худи кишвар парвариш меёбанд, хеле қимат шуданд – аз оғози сол нархи ангуру шафтолу, анҷир ва олу беш аз ду баробар боло рафт.

Ҳосили ангуру анҷир хеле кам шудааст

Имрӯз дар бозорҳои Душанбе 1 кило ангури тару тоза бо нархи аз 20 то 50 сомонӣ, анҷир – аз 30 то 40 сомонӣ ва олу аз 20 то 30 сомонӣ фурӯхта мешавад. Себу нок ба ҳисоби миёна 30% қимат шуда, имрӯз нархи онҳо вобаста ба навъ ва сифат аз 10 то 25 сомониро ташкил медиҳад.

Гаронии ангур вобаста ба оқибатҳои сардиҳои моҳи январ барои токзорҳои Тоҷикистон маънидод мешавад. Аз ҳама бештар токзорҳои водии Ҳисор осеб диданд.

Ба қавли фермерони шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав, бар асари ҳавои хунук беш аз 80%-и ҳосили ангури онҳо нобуд шудааст. Мақомоти шаҳри Турсунзода хабар доданд, ки имсол ҳамагӣ 10-15%-и аз ҳаҷми умумии ҳосили соли гузаштаро ба даст оварда метавонанд.

Сармо бештар ба дарахтони анҷир, хурмо ва анор низ таъсири манфӣ расонида, ҳосил аз онҳо хеле кам мешавад.

Коршиносон болоравии нархи меваҳои дигарро дар гароншавии хидматрасонии таҷҳизоти коркард ва воситаҳои нақлиёт, маводи кимиёвӣ барои мубориза бо ҳашароти зараррасон ва инчунин нархгузории зиёди фурӯшандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз онро аз деҳқонон мехаранд, шарҳ медиҳанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори кишвар, истеҳсоли мева дар соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 баробар афзуда, зиёда аз 300 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Ба ғайр аз зардолу, қариб дигар ягон мева ба хориҷи кишвар содир нашудааст. Аммо сарфи назар аз ин, болоравии нарх қариб ба ҳамаи меваҳо ба мушоҳида мерасад.

Сабзавот ҳам қафо монданӣ нест

Дар зарфи 7 моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз 2 млн тонна сабзавоту полезиҳо парвариш ёфтааст. Тибқи маълумоти Агентии омор, ҳаҷми истеҳсоли сабзавот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 7,4% ва полезиҳо – 15% афзуда, лекин натанҳо ҳаҷми онҳо зиёд мешавад, балки нархашон ҳам боло меравад.

Ба ин тариқ, аз оғози сол сабзӣ ва карам беш аз ду баробар қимат шуда, нархи картошка 40% ва биринҷ – 47% боло рафт.

Дар ҳамин ҳол, нархи пиёзу помидор, бодиринг ва қаламфур дар муқоиса бо аввали сол поин рафтааст. Бар асари гармии шадид зироатҳое аз қабили сабзӣ, лаблабу, кашниз, шибит, ҳамаи навъхои карам, ки дар давраи миёна – моҳҳои апрель ва май кишт шуда буданд, ҳосили пешбинишударо надоданд.

Қобили зикр аст, ки соли 2021 нархи сабзӣ ба сатҳи рекорди – 10 сомонӣ барои 1 кило расида, соли 2022 то 1,5-2 сомонӣ поин рафт ва имсол вазъи ду сол пеш такрор меёбад – имрӯз нархи 1 кило сабзӣ на камтар аз 7 сомонӣ аст.

Ғайр аз ин, ҳамаи навъҳои биринҷи истеҳсоли маҳаллӣ хеле қимат шуданд: имрӯз 1 кило биринҷи навъи “Юбилейный” 21-25 сомонӣ, “Девзира” – 25-28 сомонӣ, «Лазурный» («Лазер») – 28-30 сомонӣ нарх доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.